баргард чоп кардан

87%-и сокинони Фархор аз беобӣ ранҷ мебаранд

Дар ин бора Қурбонбой Каримов зимни сӯҳбат бо хабарнигори маҳаллии Озодагон иброз дошт.

Оқои раис гуфт, аслан мардум бе об нестанд, аммо оби истеъмолии қисмати зиёди аҳолӣ, ба ғайр аз маркази ноҳия ва маркази ҷамоати деҳоти Гулшан, аз каналу ҷӯйборҳое, ки аз шохоби рӯди Панҷ поин мешаваду лойолуду гандида аст, мебошад.

Инчунин, дар рустову кӯчаҳо бо истифода аз обкашҳои худсохт, аз чуқурии на беш аз 20-метр оби заҳро истифода мебаранд. Воқеан, дар ҳар ду маврид ҳам, истеъмоли ин гуна обҳо манъ аст, вале ба қавли мардум, дигар чорае дар ин маврид надоранд.  

Маврид ба ёдоварист, дар гузашта як лоиҳаи бузурге барои обёрии рустои яке аз ҷамоатҳои бузургу камоби ноҳия, ҷамоати деҳоти Гулшан бо маблағгузории ташкилотҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуда буд.  Аммо ба тасдиқи оқои Каримов, «ҳамин лоиҳа ноӯҳдабароёна ва ғайрипрофессионалӣ амалӣ гашта буд, ки ахиран он аз фаъолият бозмонда, дигар мушкили беобӣ ҳали худро наёфт ва аҳолии деҳот ҳанӯз танқисӣ аз оби истеъмолӣ доранд».

Дар ҳамин ҳол, бо иллати камбуди об заминҳои корам низ корношоям гашта, 2800 гектари он лалмӣ мебошад.