Ба муомилот баровардани тангаҳои филизӣ тангаҳои филизии “дирам”
Бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз (1 феврали соли 2013) бо мақсади сифатан беҳтар намудани муомилоти пулии кишвар бо тангаҳои филизӣ тангаҳои филизии барориши соли 2011 бо арзишҳои 1 ва 2 дирам ба муомилот бароварда шуданд.
Тавре Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи бонки мазкур ба Озодагон иттиллоъ дод, тангаҳои номбурда дар қатори тангаҳои филизии барориши солҳои 2001, 2006 ва 2011, ки айни замон дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд.