баргард чоп кардан

Хатсайри ҳавоии Душанбе-Боку мавриди баррасӣ қарор гирифт

Зоҳир Саидов дар аввали моҳи равон эътимодномаи худро ба президенти  Озарбойҷон Илҳом Алиев супорид.

Тавре аз ВКХ-и кишвар ба Озодагон иттилоъ доданд, аснои вохӯри раҳбари Озарбойҷон аз ҳолати кунунии муносибатҳо ва ҳамкориҳои ду кишвар дар самтҳои мухталиф изҳори қаноатмандӣ кард: «Ҷаноби Алиев аз сафари расмии президенти Тоҷикистон (июли соли 2012) ба   Боку ёдовар шуда, иброз дошт, ки Озарбойҷон Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дӯст ва шарики боэътимод мешиносад».

Ҳамзамон, райисҷумҳури Озарбойҷон як бори дигар омодагии хешро ҷиҳати рушди муносибатҳои судманд бо кишвари бародар қайд намуд. Дар рафти мулоқот татбиқи амалии санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Барномаи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон, ки моҳи июли соли равон зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон ба шаҳри Боку ба имзо расида буд, мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

Қайд гардид, ки ҳамкориҳои ду кишвари дӯст дар бахшҳои иқтисод ва савдо, нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва саноат, хусусан дар самти транзити байналмилалӣ тавассути роҳҳои обӣ ва оҳани Озарбойҷон ва истихроҷу коркарди нафту газ рушди бесобиқа пайдо мекунад.

Ҳамчунин масъалаҳои дигар, аз ҷумла, густариши робитаҳои фарҳангӣ ва барқарор намудани хатсайри Душанбе-Боку мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтанд.