Тоҷикистон 6 зина боло рафт. Дар қиёс ба соли 2012
Тоҷикистон айни замон дар ҳисоботи Бонки Ҷаҳонӣ - «Пешбурди тиҷорат-2013» байни 183 давлат, ки бо дарназардошти нишондиҳандаи нав дар ҷойи 141-ум қарор дорад.
Тавре аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, соли гузашта барои фаъолияти субъектҳои соҳибкории эълон гардидани мораторияи санҷишҳо дар соҳаҳои истеҳсолӣ, татбиқи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ, тақвият бахшидани муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ ва қабули Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020 ба рушди фазои соҳибкориву сармоягузорӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Сарчашмаи хабар афзуд, нишондоди имсола дар қиёс ба як соли қаблӣ 6 зина боло рафтани Тоҷикистонро дар «Пешбурди тиҷорат» нишон медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Кумита 50 санади меъёрӣ ҳуқуқӣ дар самтҳои сармоягузорӣ, соҳибкорӣ ва хусусигардонию самаранок истифодабарии амволи давлатӣ таҳия карда шуд. Аз ҷумла, се қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 қарори Ҳукумати Тоҷикистон, 10 фармоиши ҳукумат, ду барномаи давлатӣ ва Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузории Тоҷикистон ба имзо расиданд. Инчунин, 18 санади меъёрӣ ҳуқуқӣ дар сатҳи баррасӣ қарор доранд.