баргард чоп кардан

Кукча: Ҳалокати нашъаҷаллоб дар марзи муштараки Афғонистону Тоҷикистон

Як қочоқбари афғон дар марзи миёни Тахор ва Тоҷикистон аз тарафи марзбонони тоҷик кушта шуда, ду тани дигар фирор карданд.

Хабаргузории байналмилаллии «Кукча»-и Афғонистон бо такя ба иттилои пулиси сарҳадии Афғонистон, ки масъулияти нигаҳбонии марзи миёни Тахор ва Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад, дар ин бора хабар додааст.

-Ин гурӯҳи сенафара, ки мехостанд, як миқдор маводи мухаддирро ба Тоҷикистон интиқол бидиҳанд, бо нерӯҳои амниятии ин кишвар рӯ ба рӯ шуда, задухӯрде ба миён омадааст, ки дар натиҷа як нафари онҳо кушта шуда, дар мавриди ду тани дигар ҳеч иттилои дар даст нест,- афзудааст манбаъ.

Бар асоси ин гузориш, ҷасади ин қочоқбари афғон, ки аз ӯ Нусрат ном мебурдаанд ва сокини яке аз навоҳи вилояти Қундузи Афғонистон мебошад, ба сарҳадбонони ин кишвар супорида шудааст.