баргард чоп кардан

140 нафар ба вазифаҳои мухталифи ҳукуматӣ таъин гаштанд

Эмомалӣ Раҳмон бо зиёда аз 140 нафар кадрҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба вазифаҳои пурмасъулияти ин соҳаҳо таъин шудаанд, мулоқот кард.


Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, президенти Тоҷикистон   зимни суханронии худ таваҷҷўҳи аҳли толорро ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, пурзўр намудани мубориза бо коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва дигар қонуншиканию ҳуқуқвайронкуниҳо ҷалб намуда, онҳоро ба кору хизмати садоқатмандонаю софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят кард. Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои тоза намудани сафҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз нафарони тасодуфию ноўҳдабаро ва нопок бояд тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Зимнан, дар нишасти мазкур як қатор кадрҳо ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъин шуданд. Бино ба қавли манбаъ, бо қарорҳои ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Сўҳроб Маҳмадов муовини вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ – сардори раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбии вазорати мудофиа, Бобоҷон Саидов муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ, Абдуғаффор Азизов намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Асрор Одинаев роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Раҷабалӣ Ширинов ва Миллопар Бандишоев бо фармонҳои президент  муовинони Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузида шуданд.

124 нафар бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи судя ва роҳбарии мақомоти судии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъин гардиданд, ки 29 касашон занону духтарон мебошанд. Аз 124 каси дар ин соҳа таъиншуда 55 нафар бори аввал ба вазифаи судя таъин шуданд, ки 13 нафарашон занону духтарон мебошанд.Дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон, ҳамчунин нафарони зиёди дигар ба вазифаҳои роҳбарӣ ва пурмасъулият дар сохторҳои прокуратура, корҳои дохилӣ, Агентиии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд