баргард чоп кардан

Боз як пирӯзии «Равшан»-и Кӯлоб дар сафар ва ғалабаи «Хайр» дар хона

Даври 18-уми мусобиқоти футбол миёни лигаҳои олии кишвар бо ду бозии дастаҳо ба анҷом расид.


Тавре ба «Озодагон» аз федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, шоми дирӯз  ССКА «Помир»-и Душанбе дар варзишгоҳи «Политехникум»-и Душанбе тими “Равшан”-и Кӯлобро қабул карда, бозиро бо ҳисоби 2:3 бохт. Тӯбҳоро аз тими  “Равшан” Эраҷ Холов (дақиқаҳои 52 -юм ва 56 -ум) ва як голро Фозил Сатторов (дар дақиқаи 82-юм ) ба ҳадаф расонданд. Аз дастаи ССКА «Помир» бошад, Илҳомҷон Ортиқов ва Комил Саидов голҳоро вориди дарвозаи «Равшан» сохтанд.

Дастаи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро дар майдони худ ба ҳузур пазируфта, бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Гуфта мешавад, имрӯз «Шодмон»-и Ҳисор дар майдони худ бо «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва фардо «Энергетик»-и Душанбе дар варзишгоҳи «Автомобилист»     бо  дастаи «Гвардия»-и Душанбе сабқат мекунанд.

Ҳамин тавр, пас аз 18 даври мусобиқоти футболи лигаи олии Тоҷикистон тимҳои «Равшан»бо 35 хол, «Истиқлол» бо 34 ва «Хайр» бо 29 имконият дар зинаҳои ифтихории ҷадвал қарор дошта,  «Гвардия» ҷойи охиринро бо касби ҳамагӣ 5 хол ишғол кардааст.

{jathumbnail off}