баргард чоп кардан

Шиканҷа ва азият бояд пурра ҷилавгирӣ шавад

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсони Тоҷикистон аз ҷомеъаи кишвар даъват мекунанд, ки ба маъракаи байналмилалии  мубориза алайҳи шиканҷа ва азият бипайванданд.


Ин санад, ки имрӯз дастраси хабаргузории «Озодагон» гашт, аз ҷониби Нигина Баҳриева, масъули бунёди «Нотабене», Нурмаҳмад Халилов аз маркази ҳимояи ҳуқуқи инсон ва Сергей Романов аз маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи башар ирсол гардидааст.
Дар номаи мазкур аз ҷумла омадааст, ки аллакай барандагони ҷойизаи Нобелии сулҳ ба ин санад имзо гузоштаанд. Ин ашхос зимни муроҷиат ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ гуфтаанд, «роҷеъ ба огоҳии Созмони байналмилалии зидди шиканҷа дар бораи он, ки шумораи зиёди ҳукуматҳо ба шиканҷа роҳ дода, аҳли ҷомеаи кишварҳо, эҳтимол, ба чунин таҷриба бепарво мебошанд, мо изҳор медорем, ки эҳтироми шаъну шарафи одам чунин маъно дорад, ки шиканҷа бояд дар ҳамаи ҳолатҳо манъ карда шавад»…Матни комили муроҷиатнома  дар гӯшаи «Минбари Шумо»-и сомонаи «Озодагон»  қобили дастрасӣ ва мутолиа аст.{jathumbnail off}