баргард чоп кардан

Мукофоти асосии президенти Русия насиби Тоҷикистон гардид

Ҷойизаи райисҷумҳури Русия дар пойгаи аспҳо, ки ахиран дар Тотористон сурат пазируфт, насиби асп бо тахаллуси «Шоҳ» (Корол) аз Тоҷикистон гардид.


Бино ба навиштаҳои хабаргузориҳои русӣ, президентони Русия ва Арманистон- Дмитрий Медведев ва Серж Саргсян аз минбар дави аспҳо ва сабқатро бо ҷиддияти том назора мекарданд, ҳамчунин сарвари Чеченистон, Рамазон Қодиров низ паҳлӯи онҳо қарор дошт.

 

Расонаҳо навиштанд, ки дар мусобиқоти Қазон аспҳои номӣ ва савораҳо аз Чеченистон, Доғистон, Қабардину Балқар, вилояти Ростов ва кишварҳои Қазоқистону Қирғизистон, Укроину Тоҷикистон барои ба даст овардани Ҷоми президенти ФР байни ҳам рақобат карданд.

Аснои баромадан ба минбар Дмитрий Медведев ҳозирин ва мухлисони ин навъи мусобиқаро хайра мақдам гуфта, паҳлӯи Рамазон Қодирову собиқ президенти Тотористон Минтемир Шаймиев ҷой гирифт. Ба назар мерасид, ки ҳар яки онҳо маблағҳои бузурге барои пирӯзии аспҳояшон ба бозӣ гузоштаанд.

Манбаъаи хабар менависад, «аммо мукофоти асосӣ бо маблағи 10.000000 рубли русӣ ва Ҷоми райисҷумҳури Русия насиби аспи Тоҷикистон бо лақаби «Шоҳ» (Корол) гардид»

- Президентони Русия ва Арманистон аз аспҳои русӣ мухлисӣ мекарданд,- менависад, «Life News», аммо пас аз ғалабаи аспи Тоҷикистон касе таассуф накард.

Гуфта мешавад, ҷойизаи мусобиқаро ба ғолиби мусобиқа муовини нахуствазири Русия Виктор Зубков тақдим намуд.{jathumbnail off}