баргард чоп кардан

Изҳори нигаронии намояндаи Тоҷикистон дар СММ

Сироҷиддин Аслов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, аз як иттиллоияи пахшкардаи ҷониби Ӯзбакистон изҳори нигаронӣ кардааст.


Номбурда дар нома ба унвони Дабири кулли СММ ва санади дар Ассамблеяи Генералии ин ташкилот паҳнкардаи ҳайати Ӯзбакистонро нодуруст номид ва онро шарҳ дод. Ин санади тарафи Ӯзбакистон бо номи “Захираҳои об – асоси рушди пойдор ва пешрафти оянда” ба намояндагии кишварҳои узви Созмони Милал тавзеъ шудааст. Дар номаи намояндаи Тоҷикистон гуфта мешавад, «дар санади интишордодаи намояндагии Ӯзбакистон вазъи истифода аз захираҳои оби Осиёи Марказӣ ба таври нодруруст қаламдод шуда, дар баёни натиҷаҳои конфронси Тошканд, ки 12-ум ва 13-уми май баргузор шудааст, таҳриф ва пешдоварӣ роҳ ёфтааст». Дар номаи ҷавобӣ, ки намояндаи Тоҷикистон нашр ва баррасии онро дар Созмони Милал тақозо мекунад, шарҳи мавзӯъ аз нигоҳи Тоҷикистон  баён гаштааст.
{jathumbnail off}