баргард чоп кардан

Ҷонибек Муродов ба Ялта меравад

Ҷонибек Муродов, овозхони тоҷик барои анҷоми як барномаи ҳунарӣ дар Ялта омодагӣ мебинад. Ин сафар қарор аст, моҳи майи соли равон анҷом шавад. Ҳамчунин дар нақшаи сафарҳои ҳунарии ӯ барои соли 2012 шаҳри Маскав ва кишвари Олмон низ навишта шудааст.

Ҷонибек чанд рӯз қабл аз Лондон баргашт. 27-уми март дар тарабхонаи "Самарқанд"-и пойтахти Англия бо ширкати ӯ маҳфили хайриявии кӯмак ба атфоли Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ сурат пазируфт. Чорабинии мазкур бо ибтикори созмони ҷамъиятии "Пешрафт", ки дар Тоҷикистон сабти ном шудааст ва Хазинаи хайриявии Осиёи Марказӣ бо номи «Қалбҳои пурсахо» баргузор шуд.

Ҳамчунин, дар меҳмонхонаи «Hilton Hotel»-и шаҳри Лондон ба муносибати ҷашни Наврӯзи оламафрӯз барномаи идона доир шуд. Маҳфили мазкурро сафорати Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир ва Фонди хайриявии «Тоҷикинвест» созмон доданд.

Дар маҳфилҳои Лондон Ҷонибек Муродов дар баробари таронаҳои тоҷикиву русӣ ҳамчунин суруди англисӣ иҷро кард. Ин тарона «My love» (Қалби ман) унвон дошта, миёни шунавандаҳои тоҷик ҳам хуш истиқбол шудааст.

Ёдовар мешавем, Ҷонибек Муродов аввалин сарояндаи тоҷик аст, ки ҳамроҳ бо Шабнами Сурайё сил-силаи сафарҳои ҳунарӣ-тиҷоратиро дар Амрикову Аврупо созмон дод. Ҷонибек ҳамчунин ду маротиба ҷоизаи Big Apple Music Awards-ро соҳиб шудааст. Соли 2009 «Беҳтарин овозхони мард аз Тоҷикистон» ва соли 2011 «Беҳтарин овозхон аз Осиёи Миёна» эътироф гардид.