Яке аз сабабҳои аслии рушд накардани соҳибкорӣ дар Тоҷикистонро коршиносон ба баланд будани фоизҳои қарзии бонкҳо марбут медонанд. Бонкҳои Тоҷикистон аксаран ба соҳибкорон бо 36 фоизи солона қарз пешниҳод мекунанд, ки соҳибкоронро қонеъ намесозад. Бо таваҷҷуҳ ба ин Озодагон тасмим гирифт сӯҳбати профессор, Георгий Кошлаков иқтисодшиноси шинохтаи ҷумҳуриро доир ба мушкилоти имрӯзи иқтисодии Тоҷикистон манзури хонандагон гардонад.
Озодагон: Дар замони шӯравӣ рушди соҳаи кишоварзӣ хеле назаррас буд ва мардум аз замин ризқи худро ёфта метавонистанд. Гуфта мешавад, ки имрӯз ҳам 70 дар сади аҳолӣ аз соҳаи кишоварзӣ вобастаанд, вале замин дигар аҳли оилаи шаҳрвандонро хурондаву пӯшонида наметавонад. Шумо дар ин бора чи назар доред?
Георгий Кашлаков: Ман чунин мешуморам, ки 70 дар сад не, балки 100 % аҳолӣ аз соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ доранд. Ҳатто тифлони таваллуднашуда ҳам аз соҳаи кишоварзӣ вобастаанд. Ҳамаи мо мехурему мепӯшем. То он даме, ки соҳаи хоҷагии қишлоқро ба по нахезонем, ба ҳеч чиз ноил намешавем.
Озодагон: Дар ҳоли ҳозир барои ба по хезондани соҳаи кишоварзӣ монеи асосӣ ба назари шумо кадом аст?
Георгий Кошлаков: Бубинед, ки феълан фоизи бонкӣ аз 24 то 36 дарсадро ташкил медиҳад. Яъне дар соҳаи кишоварзиву истеҳсолот 24 фоиз ва дар бахши тиҷорат 36 фоиз. Ман мегӯям, ки ҳамватанони азизам, 24 дар сад фоизи бонкиро ягон бахши аграрӣ ё истеҳсолӣ баргардонида наметавонад. Имрӯз замин дорои чунин рентае (даромад) нест, ки қарзҳоро дар ҳаҷми 24 ё 36 фоиз баргардонад. Ба ғайр аз як навъи даромад, ки ин хариду фурӯш аст. Масалан, ба Дубай меравиву телевизор мехарӣ ва онро оварда мефурӯшӣ. Дар ин сурат метавон фоизи 24 дар садиро пардозӣ. Аммо на бо истеҳсоли картошка, на бо истеҳсоли ангур, на бо истеҳсоли алюминиву тилло ва дигар намуди истеҳсолот 24 дар сад фоизи бонкиро наметавон пардохт кард. Ман аз фаъолияти худ бояд лоақал 30 дар сад фоида кунам, ки 24 дар садашро ба бонк супорам. Аз ин хотир фаъолияти системаи молиявии хурд имрӯз барои рушди соҳаи кишоварзиву саноат ва истеҳсолот куллан бефоида аст. Шогирдони ман дар чунин ташкилотҳои қарзӣ таҷрибаомӯзӣ мекунанд ва мегӯянд, ки шахсони қарзгиранда дар бахши ангурпарварӣ, боғдорӣ ва ғайра бизнес-плани худро меоранд, мо мебинем ва ба андозаи 36 дар сад қарз медиҳем. Ман мепурсам, ки онҳо ин фоизи қарзро аз ҳисоби боғдорӣ ё ангурпарварӣ оё метавонанд баргардонанд? Шогирдон мегӯянд, ки шумо чӣ мегӯед!? Онҳо бизнеспланро меоранд, пулро мегиранд ва мераванд аз хориҷа моли арзону пастсифатро меоранду мефурӯшанд ва қарзро бармегардонанд. Дар акси ҳол баргардонидан ғайриимкон аст. Баргардонидани 24 дарсад ё 36 фоизи қарзи бонкӣ ин фантазия аст. Ягон соҳир дар рӯи замин барои баргардонидани чунин фоизи қарз қодир нест.
Озодагон: Оё давлат имкон дорад, ки тамоми бахши иқтисодро аз рӯи як системаи муайяну устувор идора кунад?
Георгий Кашлаков: Идораи системавӣ аз ҷониби давлат кайҳо аз байн рафтааст. Дар маҷмӯъ феълан давлат чизеро идора намекунад, танҳо ба танзим медарорад. Вақте дар адабиёти дарсӣ менависанд, ки давлат ин субъекти хоҷагидорист, ин дурӯғи маҳз аст. Давлат ҳеч чиз истеҳсол намекунад ва ҳеч чиз намефурӯшад. Давлат танзимгари асосии иқтисод аст. Вале дар асл мо бидуни ҳеч система иқтисодамонро танзим мекунем.
Озодагон: Кӣ бояд системаро роҳандозӣ кунад?
Георгий Кошлаков: Маркази зеҳнии феълии мо, ки Вазорати рушди иқтисод ном дорад, бояд системаи ягона ташкил кунад. Дар тамоми ҷаҳон меъёр ҳамин хел аст. Дар Русия, дар Амрико ва дигар кишварҳо чунин ниҳод системаро таъсис дода, корро пеш мебарад. Вазорати рушди иқтисод дар мо бояд чунин вазифаро иҷро кунад. Вале бояд иқрор шуд, ки феълан аз ҷониби онҳо ягон кори системавӣ ба назар намерасад.
Озодагон: Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ҳанӯз идеяи ягонаи миллиро пайдо накардааст. Шояд барои системаи иқтисодиро роҳандозӣ кардан мавҷуд набудани идеяи миллӣ иртиботе дошта бошад?
Георгий Кошлаков: Мебахшед, чӣ гуна идеяи миллӣ метавонад бошад? Дар мо бунёди неругоҳи оби-барқии Роғунро идеяи миллӣ эълон карданд. Ин ҳазён аст. Идеяи миллӣ барои ҳама яктост: мардум бояд зиндагии хуб дошта бошад, шикамаш сер ва дар тан либос дошта бошад ва аз ҳама асосаш саводнок бошад. Дар ин сурат идеяи миллӣ дар дилхоҳ давлат дар зиндагии мардум таҷассум меёбад. То даме, ки омӯзониданро наомӯзем, ҳеч чизро ёд намегирем. Вақте дар як нашрия хондам, ки дар мо низоми донишгоҳи Оксфорд ҷорӣ мешавад, худро тамоман бад ҳис кардам. Мо ҳар чӣ аз они худамон аст, истифода карда наметавонему дар бораи чиҳо гап мезанем. Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар як сол барои пардохти маоши муаллимон 100 миллион рубл сарф мекунад. Биёед аввал чӣ хел истифода кардани онро ёд гирем! Ба назди мо хатмкунандагони мактабҳо меоянд, ҳисобу китобро дуруст сарфаҳм намераванд ва агар пурсӣ, ки аз ҳама дарёи калон дар Тоҷикистон кадом аст, мегӯянд, ки дарёи Душанбинка! Саводнокӣ таҳкурсии муваффақиятҳои миллат аст. Инро бояд дарк кунем. Ман бо рақам мефаҳмонам, хоҳед санҷед. Феълан 49 дар сади хароҷоти буҷети давлатӣ ба бахши мудофиа, суд, прокуратура ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигаронида шудааст. Танҳо 0, 49 дар сад ба соҳаи илм сарф мешавад. Биёед ин хароҷотро камтар кунем ва маблағро ба мактабҳои миёна диҳем. Ба донишгоҳҳо не, балки ба макотиби миёна. Бигзор муаллимони мактабҳои миёна 10 баробар аз устоди донишгоҳ маоши баландтар гиранд. Дар он сурат мо метавонем насли соҳибмаърифат тарбия кунем, ки дар оянда тавонанд соҳиби касбу кор гарданд.
Таҳияи Исфандиёр Халилӣ