«Ҳатто ба дараҷае, ки худи Агентии стандартизатсия на лабараторияи дуруст дорад, на мутахассис дорад ва на таҷҳизоти санҷиши баъзе намудҳои технологияву молро. Вале мегӯянд, ки не, бояд ҳатман иҷоза гирӣ. Ин рӯирост суистифода аз мансаб аст».
Шумораи молҳои ҳатман сертификатшаванда бояд аз 7100 номгӯй 2-3 баробар кам шаванд. Ин нуктаро президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солонааш ба парлумони кишвар иброз дошт. Президент гуфт, ки ба мушовирон ва аъзои ҳукумат супориш додаст, то дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ҳар чӣ зудтар роҳҳалҳои масъаларо пайдо кунанд.
Гуфта мешавад, ки ҳукумат барои дастгирии соҳибкорӣ ислоҳотеро дар раванди содагардонии барасмиятдарорӣ ва кам намудани номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ пиёда кардааст. Райисҷумҳур дар паёмаш гуфт, ки агар теъдоди иҷозат барои фаъолияти соҳибкорӣ то ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ 650 номгӯй бошад, ҳоло ҳамагӣ аз 86 номгӯй иборат буда, зарур аст, ки ислоҳот дар ин самт идома дода шавад. Ҳукумат бояд дар давоми як сол ихтисор намудани теъдоди иҷозатдиҳиро то 50 фоиз ва тавассути низоми электронӣ ба расмият даровардани беш аз 30 фоизи иҷозатдиҳиро таъмин намояд.
«Мутахассис надорӣ!»
Вазорату идораҳо

и дахлдор вазифадор шуданд, ки доир ба рушди минбаъдаи низоми миллӣ, стандартизатсия ва сертификатсиякунонии корҳои заруриро ҷиҳати тадбиқи ислоҳоти сохтории он ба роҳ монанд ва дар мӯҳлати кӯтоҳ гузариш ба низоми танзими техникиро дар арсаи байналмиллалӣ қабулшуда анҷом диҳанд. Президент қайд кард, ки ин амал шаффофият, дастрасӣ ва самаранокии хизматрасониҳои давлатиро баланд бардошта, муҳимтар аз ҳама ба рафъи омилҳои коррупсионӣ мусоидат мекунанд. Вай аз санҷиши бемаврид ва ғайриҳирфаии Агентии «Тоҷикстандарт» интиқод кард: «Медонед, ки 7000 номгӯи сертификат чист? Ҳатто дар давлатҳои бузург чунин номгӯйи сертификат вуҷуд надорад. Ана як омили коррупсия дар ҳамин ҷост. Ҳатто ба дараҷае, ки худи Агентии стандартизатсия на лабараторияи дуруст дорад, на мутахассис дорад ва на таҷҳизоти санҷиши баъзе намудҳои технологияву молро. Вале мегӯянд, ки не, бояд ҳатман иҷоза гирӣ. Ин рӯирост суистифода аз мансаб аст. Қазоват кунед, ба наздикӣ ширкати «Тоҷик эйр» аз Чин як ҳавопаймои нав, ки дар миёни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ аввалин аст, ворид кард ва ҳамон замон ҳам «Тоҷикстандарт» ва ҳам гумрук рафтанд. «Не, аз стандарт мегузарӣ, ҳуҷҷат мегирӣ!» О, ту лабараторияатро нишон деҳ! Мутахассисе надорӣ, ки стандарти ин ҳавопайморо санҷӣ. Ин хандаовар аст. Иҷозатдиҳиро камаш се баробар кам кардан даркор!».
Мансабдору соҳибкор кам вохӯранд, фасод камтар мешавад
Соҳибкорони тоҷик аз мавриди тафтишоти нобаҳангому зиёдатӣ мудом изҳори нигаронӣ мекунанд ва мегӯянд, ки ин амали мақомот дар пешбурди тиҷорати онҳо халал ворид месозад. Ба бовари таҳлилгарон ниҳодҳои дахлдор соҳибкоронро бо баҳонаҳои гуногун, масалан, тафтишоти нақшавӣ, тафтиши андоз, тафтиши санитарӣ-эпидемологӣ ё сӯхторхомӯшкунӣ ва ғайра ба ташвиш мегузоранд. Агар ҳамаи ҳуҷҷатҳои соҳибкорон дуруст бошад, тафтишоти берун аз нақша ва дигар намуди санҷишҳо ягон ҷои ҳарос надорад, вале проблема дар он аст, ки гоҳе соҳибкор аз ҳақ будани худ шубҳа дорад ва барои идомаи фаъолияти худ бо мансабдор дар мавзӯи ёфтани роҳи ҳал ва пардохти ришва ба мувофиқа меояд.
Президент мегӯяд, бозори дохилӣ барои пешбурди соҳибкорӣ ва сармоягузории мустақим бояд ҷалбкунанда бошад ва дар он истеҳсолкунандаву истеъмолкунанда озодона фаъолият намуда, ба ҳар гуна монеаҳои сунъиву бюрократӣ ва фишори назорату тафтишоти маъмурӣ дучор нагарданд. Ҳар чӣ қадар дар ҷараёни кор соҳибкор бо мансабдор кам рӯ ба рӯ шавад, ҳамон қадар шиддати коррупсия дар ҷомеа коҳиш меёбад.
50 %-и кормандони андоз ихтисор мешаванд?

Коршиносон пешниҳод мекунанд, ки барои кам кардани коррупсия дар фаъолияти андоз бояд системаи автоматӣ роҳандозӣ шавад. Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, ки чӣ хеле дар дастгоҳ пули телефони мобиливу маблағи барқ супорида мешавад, додани андоз низ бо чунин шакл роҳандозӣ гардад ба манфиати кор аст. Зеро чунин система якум боиси коҳиши коррупсия мегардад ва дуюм истеҳсолкунандагонро дигар нозирони андоз ба ташвиш намегузоранд. Агар соҳибкор андоз насупорида бошад, нозир ҳатман маблағи аз будаш зиёдро талаб мекунад ё ба кисаи худ мезанад. Ба бовари ӯ дар Душанбе ҳазорҳо нафар нозирони андоз фаъолият мекунанд, ки кори онҳоро як компютер метавонад иҷро кунад. Яъне ҳам маблағ сарфа мешавад ва ҳам фаъолияти шаффоф роҳандозӣ мегардад.
Дар ҳамин маврид Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём гуфт, ки агар соҳибкорон содиқона фаъолият кунанд ва ба пинҳонкорӣ роҳ надиҳанд, ихтисори то 50 дар сади кормандони Кумитаи андозро метавонад ба миён гузорад. Ҳамзамон сохтору мақомоти давлатиро вазифадор кард, ки тавассути ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар фаъолияти худ бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ чораандешӣ намоянд.
Маврид ба ёдоварист, ки саҳми соҳибкорон дар рушди иқтисоди кишвар сол то сол бештар мешавад. Танҳо дар соли 2011 аз ҷониби соҳибкорон ҳудуди 1000 иншоот сохта ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла дар соли гузашта бо ташаббуси соҳибкорон 100 корхона ба фаъолият шурӯъ кардааст.
Исфандиёр Халилӣ