баргард чоп кардан

Интерпол ба ҷустуҷӯи Райиси Бонки марказӣ шурӯъ мекунад

Дастури боздошти собиқ райиси Бонки марказии Афғонистон содир гардид.


Мақомоти интизомии ин кишвар, рӯзи гузашта бо тасвиби ин амр эълом доштанд, ки Абдулқодири Фитрат, ки алъон дар Амрико ба сар мебарад, ҳатман муҷозот хоҳад шуд.

Муовини додситони кулли Афғонистон Раҳматулло Назарӣ ба хабарнигорон гуфт, ки асноди зарурӣ барои боздошт ва истирдоди Абдулқадири Фитрат ба Интерпол  ва сафорати Амрико дар Кобул фиристода шудааст. Ин мақоми аршад ҳамчунин афзуд, ки иддаои раиси пешини Бонки марказӣ дар бораи хатар ба ҷонаш дар Афғонистон бепояву бунёд аст.

Маврид ба ёдоварист, Абдулқодири Фитрат рӯзи душанбе дар бораи истеъфояш хабар дод ва ин амалро бо он марбут кард, ки ба ҷонаш хатар таҳдид мекунад. Изҳороти ӯ баъд аз он нашр шуд, ки ҳукумати Афғонистон масъулияти дар вартаи шикаст қарор гирифтани Кобулбонкро қисман бар ӯҳдаи Фитрат гузошт. Моҷарои пурсару садо атрофи Кобулбонк моҳи сентябри соли гузашта баъди он сар зад, ки Фитрат райисҷумҳур ва хонаводаи ӯро дар гирифтани тақрибан 500 миллион доллари бе санад  аз ин банк  муттаҳам сохт.{jathumbnail off}