баргард чоп кардан

Ҷои 99-уми Тоҷикистон дар феҳрасти сулҳхоҳон

Пажӯҳишгоҳи иқтисоду сулҳи Австралия, Тоҷикистонро дар рӯйхати кишварҳои дӯстдори сулҳ, миёни 158 давлати дунё дар ҷои 99 –ум қарор додаст, ки дар минтақаи Иттиҳоди давлатҳои мустқил яке аз нишондодҳои беҳтарин маҳсуб меёбад.

Аз рӯи рейтинги сулҳхоҳӣ Тоҷикистон байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо аз Украина ва кишварҳои назди Балтика қафо монда, нисбат ба дигар кишварҳо пешсаф аст.
Зимни таҳияи рӯйхат таҳлилгарони Пажӯҳишгоҳи иқтисоду сулҳи Австралия ба 23 нишондод, зз ҷумла сатҳи зӯроварӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар, муносибат бо кишварҳои ҳамсоя, шумораи фавтидагон дар ҷангҳои берунӣ, шумораи гурезагон, сатҳи ҷинояткориҳои вазнин, имкони сар задани амалиёти терористӣ, содироту воридоти намудҳои муқарарии аслиҳа, хароҷоти ҳарбӣ, миқдори қувваҳои мусаллаҳ, миқдори милисаҳо нисбати аҳолии кишвар, фоизи маҳбусон, шумораи хориҷиёни дар кишвар ҳалокшуда, сатҳи саводнокӣ ва пайравӣ аз меъёрҳои демократияро дар сиёсат баҳо медодаанд.  

Дар гузориш таъкид шудаст, ки ба истиснои кишварҳои Шарқи наздик ва Африқои шимолӣ дар минтақаҳои дигари ҷаҳон дӯстдории сулҳ густариш ёфтааст.
Мамлакати сулҳхоҳтарини ҷаҳон Исландия эътироф шудаст. Пас аз Исландия дар сархати кишварҳои сулҳхоҳ Зеландияи нав, Дания, Канада ва Ҷопон дохил мешаванд. Дар қисмати охири рӯйхат Конго–154, Ироқ–155, Судан-156, Афғонистон – 157 ва аз ҳама охир Сомалӣ дар ҷои 158-ум қарор дорад. Чин дар ин рӯйхат ҷои 80–ум ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  зинаи 82 –юмро соҳиб шудаанд.  Эрон ҳам ба кишварҳои нисбатан зӯровар дохил шуда, дар зинаи 128–ум қарор дорад.

Миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҳама хушунатовар Русия арзёбӣ мегардад, ки дар зинаи 153–юм ҷой гирифтаст. Тибқи таҳқиқи пажӯҳишгарон сатҳи сулҳхоҳӣ дар Русия коҳиш ёфтаст. Соли гузашта ин кишвар дар ҷои 147–ум қарор дошт.
Украина бо вуҷуди он, ки нисбати соли гузашта ду зина қафо рафтаст, ҳамоно кишвари сулҳхоҳтарини Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳсуб меёбад ва дар ҷои 71 –ум қарор дорад.

Ҳамин тариқ, аз рӯи сулҳхоҳӣ дар пайи Украина ва Тоҷикистон, Қазоқистон дар ҷои 105 –ум, Белорусия 109–ум, Ӯзбакистон 110 –ум, Арманистон-115, Туркманистон– 117, Қирғизистон – 131, Озарбойҷон -132 ва Гурҷистон дар зинаи 141 –ум ҷой гирифтаанд.
Рӯйхати мазкур сар аз соли 2007 –ум ҳар сол таҳия шуда, сатҳи сулҳхоҳиро дар кишварҳои ҷаҳон баҳогузорӣ мекунад.