баргард чоп кардан

Формулаи ваҳдатсозӣ: Аз ваҳдати неруҳо ба ваҳдати миллӣ

Ҳоло дар Тоҷикистон ваҳдат вуҷуд дорад, вале  масъалаи муҳим на вуҷуди ваҳдат, балки осебпазир набудани ваҳдат аст, ки ҷомеаро ба Ваҳдати миллӣ наздик мегардонад.

Ваҳдати тоҷикон, ки бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ имконпазир гашт, воқеан дар замони тезу тунди қудратхоҳӣ ва манфиатдории неруҳо як падидаи беназир аст. Агар то замонӣ дастёбӣ ба он, танҳо худи ваҳдат муҳим буд, акнун масъалаи арзишӣ ҳифзи ваҳдат аст. Ин ҳам барпояи расидан ба ваҳдати миллӣ ва ҳифозати он. Акнун аз ваҳдати неруҳо расидан ба ваҳдати миллӣ бар асоси шинохти дурусти арзишҳои миллӣ ва эҷоди давлати миллии ифодагари ормонҳои мардуми Тоҷикистон дар марҳалаи ҷадид ва дарозмуддат муҳим ва зарур аст. Яъне барои расидан ба ваҳдати миллӣ бояд шинохти давлатмардон ва қишри рӯшанфикри ҷомеа аз арзишҳо, суннатҳо ва асосҳову пояҳои фарҳанги миллӣ ҳам монанд бошад ва он ҳамчун меъёри арзишӣ ва барномавӣ истифода шавад. Масъала ин ҷост, ки навъи дидгоҳ, тафаккур ва бархӯрдҳои гуногун рӯйи арзишҳои миллӣ, самти рушди ҷомеа ва рукнҳову асосҳои давлатсозиву миллатсозӣ дастёбӣ ва тавофуқ ба ваҳдати миллиро душвор ва ҳатто номумкин мегардонад.

Ғояи истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дар сатҳи ормони миллӣ, имрӯз ғояест, ки сари он ҳеч кадом гурӯҳи сиёсӣ ва фикрӣ ихтилофи назар надорад ва дошта наметавонад.  Аз ин рӯ ба таври маснуъ татбиқ кардани ғояи ваҳдати миллӣ дар бофтори ормони миллӣ бе шинохтан ва ба назар гирифтани арзишҳои зиндаи таркиби ҳувият ва худии тоҷикон кори дуруст намебошад.
Бо сипаридани 15 сол дар фазои ваҳдат, ҳанӯз ҳам ихтилофи ақида ва назар болои арзишҳо ва асосҳои появии фарҳангу давлати миллӣ, ҷараёни эҷоди фазои мусоиди зист ва рушди кишварро ба мушкил мувоҷеҳ мекунад. Аз ин рӯ, шинохти дуруст аз ваҳдат, яъне ҳифзи он бар пояи ба эътибор гирифтани аносири ваҳдатсоз  ё такмилкунандаи ваҳдат моро ба ваҳдати миллӣ наздик мекунад ва шиддати авомили таҳдидкунанда ба субот ва амнияти моро паст мегардонад.
Ҳоло дар Тоҷикистон ваҳдат вуҷуд дорад, вале  масъалаи муҳим на вуҷуди ваҳдат, балки осебпазир набудани ваҳдат аст, ки ҷомеаро ба Ваҳдати миллӣ наздик мегардонад. Аммо мушоҳида мешавад, ки ваҳдат дар Тоҷикистон мунҳасир  ба шахсиятҳо мешавад ва дар доираи қудрати сиёсӣ зӯро ба зӯр ҷой карда мешавад. Идеяи ваҳдати миллӣ ва ё роҳкорҳои аз байн бурдани хатароти осебпазирии он бояд болотар аз манфиатҳои шахс,  шахсиятҳо, қудрати сиёсӣ ва дигар гурӯҳҳои сиёсиву иҷтимоӣ бошад.

Ба ин манзур тағйири тарзи тафаккури хизматчиёни давлатӣ пиромуни ваҳдат ва гузаштан аз ҳифозати ваҳдат тавассути шиорпароканӣ ба шинохти арзишҳои аслии ваҳдати миллӣ барои як ҷомеае чун Тоҷикистон хеле муҳим ва ҳатто мешавад гуфт, ки нахустдараҷа аст. Барои бардоштҳои дуруст ва огоҳиҳои бештар зарур аст, ки дар кишвар як Маркази омӯзишии равандҳои ба ваҳдат расидани тоҷикон ва ҷодаи дастёбӣ ба ваҳдати миллӣ таъсис шавад. Дар ин марказ мағзҳо ва фикрҳои миллӣ роҳкорҳо ва дигар унсурҳои этносиёсиву этнофарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоие, ки ваҳдати миллиро тақвият мебахшанд, коркард шаванд. Ҳоло дар системаи фикрӣ ва марказҳои тадқиқотию донишгоҳӣ ва ҳамчунин дар сатҳи ҳукумати иҷроия барномаи миллатсозӣ ва ё ҳувияти миллӣ мушаххас нашудааст. Низоми давлатдорӣ ба сӯйи нохудогоҳ пеш  бурда мешавад. Арзишҳои зиндаи таркиби ҳувият ва худи тоҷикон, ки дар густураи ваҳдати миллӣ бисёр моҳиятнок ҳастанд, шинохта нашудаанд. Ношинохта мондани ин арзишҳои зинда ихтилофи фикриро натанҳо миёни гурӯҳҳои сиёсӣ, балки миёни мардум ва қишрҳое, ки таркиби ҳувият ва худи тоҷиконро ташкил медиҳанд ба бор овардаст. Дар ин миёни ҷурми асосӣ пеши рӯшанфикрон аст. Бояд марказҳои фикриву тадқиқотӣ аз амалкардҳое, ки роҳҳои расидан ба ваҳдати миллиро душвор мекунанд ё ба ибораи дақиқтар арзишҳои зиндаи ваҳдатсозро саркӯб менамоянд,  нигарон бошанд ва садо баланд кунанд. Рӯшанфикрон агар қобиляти фикр кардан, шинохтани дунёи имрӯз ва арзишҳои зиндаи таркиби ҳувият ва худи миллиро доранд ва фикр мекунанд, ки ин арзишҳо миллатро ба сӯйи саодат мебаранд, набояд пеши онҳое, ки қобилияти фикр кардан надоранд,хомӯш бошанд.

Дар ин марказ ҳувиятҳое нозарур ва қолабие, ки барои шаклгири ҳувияти ягонаи миллӣ халал эҷод мекунанд, бояд мушаххас шаванд ва барномаи хунсокардани онҳо рӯйи кор оварда шавад. Масалан, ҳувиятҳои маҳаллие, ки имрӯз барғалат басифати ҳувияти миллӣ пешкаш мешаванд ва ё ҳувиятҳои фарҳангии собиқаву мурда ва аз таркиби арзишҳои зиндаи миллат берун, аз ҷониби бархе донишмандон ҳамчун роҳкори асосӣ ва барномаи тамомнамои миллӣ пешниҳод мешаванд.
Бояд  барномаи расидан ба Ваҳдати миллӣ тарзе сохта шавад, ки хостаҳо ва манфиатҳои тамоми гуруҳҳои сиёсӣ  бошумули қудрати сиёсӣ дар он мунҳал гардад. Агар манфиатҳои қудрати сиёсӣ болотар аз арзишҳои Ваҳдати миллӣ қарор бигиранд, дар ин сурат ваҳдат осебпазир мешавад. Ин як доктринаи илмии исобитшуда аст, ки манфиатҳои қудрати сиёсӣ набояд ба манфиатҳои умумимиллӣ мухолафат дошта бошанд ё болотар гузошта шаванд. Ҳамин манфиатҳои умумимиллиро мешавад, ки дар қолаби Ваҳдати миллӣ коркард, мушаххас ва амалӣ кард.
Паҳлӯи бисёр омӯзанда ва ҷолиби ваҳдати тоҷикон дар поёни асри бист ин аст, ки дар натиҷаи даст кашидани гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ ва даргир аз манфиатҳои худ бахотири суботи сиёсӣ ва пешрафти миллат ҳосил шуда аст.  Аммо аз раванди расидан ба ваҳдати миллӣ берун кардани як тарафи ваҳдатхоҳ ва муҳим нашумурдани ҳузури онҳо, боз баргаштан ба вазъи пеш аз ваҳдат мебошад.    

Агар шинохт аз ваҳдат тағйир накунад ва аносири такмилкунандаи ваҳдат дар эҷоди Тоҷикистони навин чун арзишҳои муҳим пазируфта нашаванд, марҳилаи тозае, ки барои ваҳдати миллӣ заминаи мусоид фароҳам шудааст ба дарозо мекашад. Ба назари мо дар бофтор (контекст)-и расидан ба Ваҳдати миллӣ, ки ифодакунандаи истиқлолияти комили миллӣ, Тоҷикистони пешрафта, мардуми ба саодат расида бошад, тамоми шохисҳо ва арзишҳои зиндаи миллатсозӣ бояд таҳлил, коркард ва истифода шаванд. Дар сурати ба таври нохудогоҳ, тадқиқнашуда ва бе таҳлилҳои амиқи фикриву таҷрибавӣ пеш гирифтани эҷоди давлати миллӣ, чандон амалкарди дурусте намебошад.
Агар мо арзишҳо ва асосҳои ваҳдати миллиро шинохта бошем, пас Ваҳдати миллӣ табрик бод!!!

Иршод Сулаймонӣ