30-юми октябри 2011 интихоботи президентӣ баргузор мешавад
Вакилони парлумони Қирғизистон пешниҳод кардаанд, ки интихоботи президентӣ 30-юми октябри соли 2011 баргузор шавад.
Бино ба навиштаи хабаргузории «24.kg» ин масъала ба рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) аз ҷониби фраксияи ҳизби «Ата Мекен» ироа гардидааст. Гуфта мешавад, сарвари фраксияи мазкур дар парлумон- Омурбек Текебаев ба сухан баромада, дар бораи лоиҳаи қонун назари ҳизбашро эълом хоҳад дошт. Ин санад тарҳи қонун «Дар бораи қарори Жогорку Кенеш» оид ба «Таъини интихоботи президентӣ дар Қирғизистон» мебошад.
Маврид ба ёдоварист, фардо яъне 30-юми июн ҷаласаи охирини Жогорку Кенеш баргузор мешавад ва вакилон то 1-уми сентябр ба таътил мебароянд. Аз ин рӯ депутатҳои қирғизро зарур аст, ки қабл аз истироҳаташон санаи маъракаи асосӣ- интихоботи райисҷумҳурро дақиқ эълом кунанд.