баргард чоп кардан

Суғд: Боздошти як нашъаҷаллоб бо 2 килограмм маводи мухаддир

Сокини Истаравшан аснои фурӯши маводи мухаддир боздошт гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» дар раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд гуфтанд, дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷуӣ  бо харидории шартӣ, дар ҳудуди бозори марказии шаҳри Истаравшан истиқоматкунандаи 24-солаи ҷамоати «Гули Сурх» Р.Ф дастгир гардид. Гуфта мешавад, ин шахс аснои фурӯхтани 2 бастаи дар дохилаш маводи сабзранги бӯи махсус дошта  ба маблаги 300 $ ИМА  ба харидори шартӣ боздошт гардид.

Мувофиқи маълумоти РКД-и вилоят, маводи мазкур навъи бангдона буда, вазни хоси он 2 килову 006 грамро ташкил дод.

«Оиди ин ҳодиса нисбати Р.Ф. парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200, қисми 3 КҶ оғоз гардида тафтишот идома дорад»,-афзуд манбаъ. {jathumbnail off}