«Интихоботи президентии Амрико ба маънои том интихобот буд… Фикр мекунам, ки низоми интихоботии Амрико барои кишварҳо ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон қобили омӯзиш ҳаст ва мо бояд биомӯзем»,- гуфт Олим Салимзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон
Барак Обама, барои даври дуввум ба мӯҳлати 4 соли дигар Амрикоро роҳбарӣ хоҳад кард. Таърихи 6-уми ноябри соли 2012 дар интихоботи навбатии президентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико номзад аз ҳизби демократҳо -Барак Обама бар рақиби худ аз ҳизби ҷумҳурихоҳон -Мит Ромнӣ пирӯз гардид. Ҷаноби Обама пас аз пирӯзӣ дар як сӯҳбати телевизионии худ гуфт, ки аз ин ба баъд мардуми Амрикоро рӯзҳои беҳтар интизоранд. Дар робита ба пирӯзии Обама Сюзан Эллиот, сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт, ки умедвор аст давоми 4 соли дигар ҳамкории Вашингтон бо Душанбе дар бахши сиёсат, ҳуқуқи инсон, озодии виҷдон ва матбуот густариш хоҳад ёфт.
Натиҷаи интихобот ба сиёсати Амрико таъсир намерасонд

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ки дубора интихоб гардидани намояндаи ҳизби демократҳо ба садри раисҷумҳури Амрико хеле хуб аст. Зеро дар давраи ҳукмронии ҷумҳурихоҳ-Ҷорҷ Буш обрӯ ва эътибори байналмилалии Амрико коста гардида, сиёсати хориҷии ин кишвар низ чандон қобили дастгирӣ набуд. Бо вуҷуди ин мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ Барак Обама дар чор соли қабл талош кард то дар муносибати сиёсии Амрико бо кишварҳои ҷаҳон аз низои ҳарбӣ худдорӣ кунад. Гузашта аз ин, ҷаноби Обама он маблағи сарфи бахшҳои низомии Амрикоро барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоии мардум равона кард. Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ки новобаста аз натиҷаи интихобот сиёсати Амрико бо кишварҳои ҷаҳон тағйир намеёфт: «Вижагии идораи давлати Амрико ин аст, ки дурнамои сиёсати онҳо бо давлатҳои хориҷ барои даҳсолаҳо аз ҷониби донишмандони марказҳои махсус тарҳрезӣ мегардад. Баъди қабул новобаста аз ивазшавии президент барнома татбиқ хоҳад шуд», изҳор дошт Шокирҷон Ҳакимов. Дар робита ба масъалаи раванди берун овардани низомиёни Амрико аз хоки Афғонистон ҳуқуқшиноси тоҷик гуфт, ки барои боқӣ мондани ҳарбиён Русия ва кишварҳои дигари минтақа манфиатдоранд. Чунки амният ва субботи минтақа ҳоло аз ҷониби низомиёни Амрико таъмин карда мешавад. Ба ҳар сурат мегӯяд ҷаноби Ҳакимов мардуми Амрико интихоби дуруст карданд. Дар ҳамин маврид раҳбари кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти парлумони Тоҷикистон Олим Салимзода мегӯяд, ки хусусияти интихоботи президентии Амрико ин аст, ки натиҷаи он ба райъ ва иродаи мардум вобаста аст. Мардуми Амрико имкони интихоб дошта, президенти феълии худро дубора ҷонибдорӣ карданд.
Тоҷикистон аз низоми интихоботи президентии Амрико дарс биомӯзад
Вакили парлумони Тоҷикистон пирӯзии Барак Обамаро истиқбол намуда, мегӯяд, ки ҷаноби Обама дар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун сиёсатмадор нақши муҳим дошта, аз ин ба баъд муносибати Амрико бо Тоҷикистон боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Ба бовари номбурда таваҷҷӯҳи Обама дар масоили муҳоҷират, таъмин кардани шаҳрвандон бо ҷойи кор ва дастгирии синфи миёна яке аз сабабҳои аслии ғолибияти ӯ гаштааст. Ба назари ман мегӯяд, ҷаноби Салимзода интихоботи президентии Амрико ба маънои том интихобот буд. Тамоми назокат ва талаботе, ки ба ин маърака вобаста аст комилан риоя гашт. Албатта баъзе мушкилиҳои фаннӣ вуҷуд доштанд, вале масъулини Амрико онро ба тӯфони чанд рӯзи пеш рабт доданд:
«То замони ҳисоботи умум рақиби Обама ҷаноби Ромнӣ пешсаф буд. Аммо дар лаҳзаи охирин, дар нимаи дуввуми рӯз ҳангоми ҷамъбасти райъдиҳи дар аёлатҳо кор ранги дигар гирифт. Фикр мекунам, ки низоми интихоботии Амрико барои кишварҳо ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон қобили омӯзиш ҳаст ва мо бояд биомӯзем», гуфт Олим Салимзода. Дар тақвияти суханҳои вакили парлумон, коршиноси масоили сиёсӣ Исмоил Раҳматов гуфт, ки ҳанӯз дар интихоботи соли 2000-ум, замоне пирӯзи бар даст овардани ҷаноби Ҷорҷ Буш, кишварҳои Осиёи Миёна аз таҷрибаи Амрико дар тааҷуб монданд. Он замон ҷаноби Буш ҳамагӣ бо 1 дарсад овози бештар рақиби худро мағлуб карда, сари қудрат омад. Исмоил Раҳматов бар ин назар аст, ки дар сурати ба вуҷуд омадани чунин вазъият дар кишварҳои Осиёи Марказӣ номзадҳо барои курсӣ ҳатман аз роҳҳои халалдор сохтани амнияти мардум кор хоҳанд гирифт.
Амрико, Афғонистон, ваъдаи Обама ва вазъияти минтақа

Маврид ба зикр аст, ки берун овардани низомиёни Амрико аз хоки Афғонистон яке аз ваъдаҳои Барак Обама мебошад. Ин нуктаро ҷаноби Обама ҳанӯз дар интихоботи соли 2008 таъкид карда буд. Бо таваҷҷӯҳ бар ин коршиносони тоҷик низ мегӯянд, ки муваффақият ва маҳбубияти ҷаноби Обама ба ваъдаи бозгардонидани ҷавонони Амрико аз Афғонистон мебошад. Ба гуфтаи таҳлилгарон сиёсати Обама барои хотима гузоштан ба ҷанги низомӣ кафолати пирӯзии ӯ дар интихоботи навбатӣ гаштааст.
Дар ҳамин маврид Исмоил Раҳматов мегӯяд, ки Амрико яке аз кишварҳое мебошад, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар баробари Русияву Чин нуфузи бештарро ба даст овардааст. «Албатта ҳоло чизе гуфтан мушкил аст. Вале касе наметавонад кафолат бидиҳад, ки вазъияти амният дар минтақа баъди соли 2014 ҳадди аққал ба монанди имрӯз боқӣ мемонад. Аз заиф ва ё зиёд гардидани мавқеъи абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ тақдири кишварҳои минтақа вобаста аст», изҳор дошт Исмоил Раҳматов. Бо таваҷҷӯҳ ба ваъдаҳои қабл аз интихоботии Барак Обама коршиносон мегӯянд, ки ҳамакнун президенти Амрикоро лозим аст барномаҳои марбут ба соли 2014, яъне берун баровардани низомиён аз Афғонистонро ба анҷом расонад. Гузашта аз ин дар мавриди таҳримоти Эрон низ Амрико бояд мавқеъи худро ошкоро ва рӯшан баён намояд.
Ҳумайрои БАХТИЁР