баргард чоп кардан

Оби деринтизори Заркорон. Ё «лентабурӣ»-и ҳокимон

Оё ҳукумати маҳаллӣ бо сардории раисаш, ки ҳомӣ ва пуштибони   сокинон дониста мешавад, магар ба ҷуз ташвиқоту ҷаласаву маҷлисҳои зиёд ва лентабурӣ дар пайи бунёди иншооти соҳибкорон, дигар кореро  анҷом дода метавонанд, ё хайр…

Бо ташаббус ва маблағгузории як соҳибкори восеъгӣ беш аз 3 ҳазор нафар бо оби нӯшокӣ таъмин гаштанд. Қурбон Камолов, як сокини рустои Заркорони ҷамоати деҳоти ба номи Вайсови ин ноҳия аз ҳисоби маблағҳои шахсиаш барои сокинони рустои номбурда, дар масофаи беш аз 4 километр хати интиқоли оби истеъмолӣ кашонда, зиёда аз 3 ҳазор нафарро бо об таъмин намуд.  

Тибқи иттилои Насруллоҳ Саидов, раиси ҷамоати деҳот, солҳои зиёд сокинони русто аз камбуди оби нӯшокӣ азият мекашиданд ва қудрати ҳукумати маҳаллӣ барои ҳалли ин мушкили деҳотиён намерасид. Ҳамакнун, бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ наздик ба 400 оила бо об таъмин гаштанд.Ҷаноби Камолов дар чуқурии беш аз 140 метр чоҳи амудӣ канда, дар масофаи 4 километр қубури обгузар насб намуд. Инчунин, дар маҳаллаҳои деҳа 21 нуқтаи обдиҳӣ ва 1 адад ҳавзи обнигаҳдорӣ дар ҳаҷми 50Х3 метр бунёд кард. Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ, ба гуфтаи раиси ҷамоат, беш аз 70 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.Дар ҳамин ҳол, қисмати дигари ҳамин русто низ бо об таъмин нестанд:     «Бо ташвиқоти ҳукумати маҳаллӣ, ба хусус раиси ноҳия Султон Валиев, дар ҳалли мушкилоти сокинон соҳибкорони маҳаллӣ ҷалб шуда истодаанд. Дилшод  Раҷабов, як соҳибкори дигар бар худ гирифтаст, то қисмати дигари ҳамин русторо аз ҳисоби маблағҳои худаш бо оби ошомиданӣ таъмин намояд».

Бояд гуфт, ин севвумин иншооти обтаъминкунӣ буд, ки имсол дар ҳудуди ноҳия   бо маблағгузории соҳибкорон анҷом ёфт.Бо кӯмак ва маблағгузории ҳукумати вилоят, соли равон дар ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов низ барои якчанд русто хати интиқоли об бунёд гардид.   

Хуб аст, ки дар паи ҳалли мушкилоти мардум соҳибкорон ба ин иқдом даст мезананд ва барои ҳамватанон кори хайреро анҷом медиҳанд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё ҳукумати маҳаллӣ бо сардории раисаш, ки ҳомӣ ва пуштибону мушкилосонкуни сокинон дониста мешавад, магар ба ҷуз ташвиқоту ҷаласаву маҷлисҳои зиёд ва лентабурӣ дар пайи бунёди иншооти соҳибкорон, дигар кореро  анҷом дода метавонанд, ё хайр?

Ҳангоми ба истифода додани иншоот, ё ба истилоҳи имрӯза «лентабурӣ», даҳҳо нафар «меҳмонон» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сардории раиси ноҳия ва намояндагони ҳукумати вилоят, журналистон аз шабакаҳои гуногуни телевизион (албатта, бо даъвати ҳукумати маҳаллӣ) ширкат намуда, маросимро муборакбод гуфтаву ба навор гирифтанд.

Ба андешаи сокинон, Қурбон парвои реклама надорад. Ҳамаи ин худнамоии ҳукуматдорон аст. Воқеан, худнамоӣ барои ҳукуматдорон ҳам зарур аст, агар инчунин иқдом аз худи ҳукумат мебуд.

Аслиддин Достиев, Кӯлоб

PS: Баъди маросими «ботантана» албатта «меҳмонон»-и хондаву нохондаро   зиёфат додан лозим буд, ки он низ бегумон, аз кисаи соҳибкор анҷом ёфт.