баргард чоп кардан

Дурӯғ

Дар остонаи соли нави мелодӣ як талоши чандсолаи ҳукумати кишвар, ба вижа бахши идеологии он ба бор нишаст. Бидуни таоруф бояд масъулини ин соҳаро табрик кард. Ҳарчанд ин барнома дар асли худ бо меъёрии аслии давлатдории мо дар ин бахш, яъне ҷудо будани дин аз давлат таноқузи ошкоро дошту дорад, намешавад ҳосили заҳмати дастандаркоронро нодида гирифт. Гузашта аз ин, меъёру усулҳо барои мардуми оддӣ аст, онҳо, масъулини болоӣ аз масунияту имтиёзҳои зиёде бархурдоранд ва нодида гирифтани меъёрҳо низ дар зумраи имтиёзҳои онҳост. Беш аз ин дар ҳама давру замон чунин буда, ки ғолибонро муҳокима намекунанд. Агар мехоҳед ҳарфатонро ҳама гӯш кунад, беш аз ин ба гуфтаҳоятон бовар кунанд ва ё худро боваркарда нишон диҳанд, бояд ғолиб бошед. Вақте ғолибеду аҳроми қудрат дар дастатон аст, қонунитарин амали рақибатон низ комилан ғайриқонунӣ ва гуноҳ хонда хоҳад шуд.

Албатта дар бораи рақибон сухан гуфтани дастнишондаҳои ҳукумат шояд як амри табиӣ бошад, ки дар ин маврид як каме баъдтар суҳбат мекунем. Ҳоло мехоҳам як ишораи Абдуқодирзода ном муллоеро ёдрас шавам, ки бидуни ҳеч масъулият расонаҳои кишварро иғвогар хондааст. Ин нафар шояд аслан надонад, ки дар Тоҷикистон чи расонаҳо вуҷуд дорад ва бовари комил дорам, ки матолиби расонаҳо дар мавриди шиканҷа шудан ё нашудани маҳбусон дар маҳбасҳои кишварро нахондааст. Гузашта аз ин аз Худо шарм надоштаву дигаронро туҳмат задааст. Шояд дар асл мабдаи парастиши ин нафар на холиқи якто, балки мавҷуди заминист. Зеро касе Худоро мепарастад ва боз масъулияте инчунинӣ (муфтӣ будан!) бар дӯшаш ҳаст, ба ҳеч ваҷҳ ноҳақ ҳеч бандаи Худоро туҳмат намезанад. Охир расонаҳо барои чӣ иғво кунанд?

Агар шиканҷа дар зиндонҳо вуҷуд надошта бошад, чаро расонаҳо онро вуҷуд дошта бихонанд? Аз ин амал чӣ манфиате барояшон мерасад? Ҳар кадом аз рӯзноманигорону масъулони расонаҳои кишвар аз Абдуқодирзодаву зиндонбонҳо ватанашро садҳо баробар бештар дӯст медорад. Ба ҳеч ваҷҳ розӣ намешавад, ки ба номи ватанаш дар рӯйхати манфии ниҳоду созмонҳои байналмилалӣ ҷой дошта бошад. Агар хабаре дар мавриди ин ё он нуқсон пахш мекунанд, фақат ва фақат ба хотири бартараф шудани ин нуқсон асту бас!  Беш аз ин агар Абдуқодирзодаву зиндонбонҳои таҳти ҳимояи ӯ намедонанд, вале рӯзноманигорон хеле хуб медонанд, ки дурӯғ ва тӯҳмат зуд ошкор мешаваду ҷавобгарӣ дорад.

Маъмулан инсонҳои заъиф барои ҷуброни заъфи худ дигаронро санги туҳмат мезананд. Бар ин боваранд, ки бо бад гуфтани шахсе ё гурӯҳе ба шахс ё гурӯҳи ҳоким хидматкарда маҳсуб мешаванду дасти силии онҳо ба сарашон кашида хоҳад шуд. Воқеан ҷои афсӯс дорад, ки муфтии кишвар чунин як инсони заиф ва сатҳинигар бошад.

Охир агар мехоста аз зиндонбонҳо ҳимоя кунад, мешуд бо лаҳне дигартар ва бо чанд далели муътамад ва ё ҳадди аққал бо овардани як ривоятеву ҳадисе ин корро мекард. Чун бунёди иддаоҳояш суст аст, кутоҳназаронаву бидуни ҳеч далел санг ба сӯи дигарон меандозанд…

Ва ҳол чанд сухан перомуни мавзӯъе, ки онро нишони ҳосил додани як талоши масъулини идеологии кишвар донистем. Шояд бардошти ман нодуруст бошад, вале наметавонам онро иброз надорам. Исфара аз диди ман ба сифати шаҳраке бо суннатҳои зинда ва огоҳиву эътиқоди мардумаш ба ислом, ҳамчунин талошҳои ҳамарӯзаи онҳо барои беҳтар кардани рӯзгорашон, ҳамеша як намунаи шаҳраке бо руҳияи бедорӣ ҷилвагар мешуд. Самимияти мардуми ин хитта аз кишвар мисолзаданӣ будаву ҳаст ва шояд гоҳе сӯистифодаҳое аз ин самимияту садоқат анҷом гирифтаву мегирад. Дар ин миён зоҳиран талоши дастандаркорони идеологии ҳукумати Тоҷикистон дар ростои комилан таҳти назорат гирифтан ва дастнишондаҳои худро пешнамози мардум таъин кардан, дар Исфара бештар асаргузор будааст. Ҳарчанд чанд сабоҳе қабл он ҷо пешнамозҳое буданд, ки дархосту талаби дастандаркорони болоиро дар мавриди қироати сиёҳномае алайҳи як хонаводаи рӯҳониёни шинохтаи кишвар нодида гирифтанд. Зоҳиран дигар он пешнамозҳо аз минбари масҷид дур карда шудаанду тоза ба минбар расидаҳо аз сарнавишти пешиниёни худ "ибрат гирифтаанд".

Яке аз чунин пешнамозҳо иддао карда, ки аз номи Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон вожаи ислом бардошта шавад, зеро ислом ба ваҳдат мехонаду ин ҳизб гӯё боиси ихтилоф байни мусалмонҳо будааст. Баҳ-баҳ! Бузургтарин бозёфт! Гузашта аз ин нодида гирифтани қонунҳои мавҷуди кишвар. Охир ин ҳизб расман фаъолият дорад ва Вазорати адлияи кишвар барои фаъолияташ ба ин ном иҷоза додаву кадом муллояке (огоҳона ному насаби ин муллоҳоро зикр накардам, зеро бар ин боварам, ки арзиши инро надоранд!) мехоҳад онро тағйир диҳад. Ошкоро мегӯям, ки ҳаводори ҲНИТ нестам, ҳарчанд раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабириро ба унвони як сиёсатмадори воқеан мардумӣ ва ҳушёру доно эҳтиром мекунам. Бар ин боварам, ки агар дар ҳукумати Тоҷикистон ду-се нафаре мисли Кабирӣ мебуданд, вазъи кишвари мо комилан дигар мешуд. Дар зимн, дигарон ҳам бояд мардона бипазиранд, агар ҲНИТ ва Кабирӣ воқеан байни мардум ҷойгоҳ надоранд, чаро аз ҳар иқдоми онҳо ин қадар дар таҳлука меафтанд? Ҳол аз ин бигзарем, ки албатта мавзӯъи баҳси дигарест.

Аз сӯи дигар имрӯз дар ҷаҳон ҳамаи ҳаракатҳои исломӣ дар номи ташкилоту ҳизбҳояшон вожаи исломро намегузоранд ва боризтарин мисоли ин ҳолатро дар Туркия метавон мушоҳида кард. Ҳоло ҷои пурсиш аст, ки ин муллоҳо аз ин роз огоҳанд ва ё надониста чунин иддао матраҳ мекунанд? Оё барои матраҳ кардани чунин иддао ва баҳс бо раиси ҲНИТ дастандаркорони идеологии кишвар барномарезӣ кардаанд ё ба қавле ин худдонамии як ду нафар муллост? Албатта дар кутоҳтарин фурсат ин роз ҳам ошкор хоҳад шуд. Вале нигаронии ман аз падидаи дигар аст. Ёдам меояд солҳои навади асри пор бархе муллоҳо, ки дастнишондаи ҳукумати шӯравӣ буданд, алайҳи ҷавононе, ки бо рӯҳияи исломӣ аз тағйир дар ҷомеа ва бедорӣ ҳарф мезаданд, якдилона сафарбар шуда, ононро дар тафриқаандозӣ ва гароиш ба фирқаҳо гунаҳкор эълон карда буданд. Оқибати ин талошҳо ба куҷо кашида шуд, хелеҳо хабар доранд. Ва худо нигаҳ дорад, ки ин талошҳои имрӯзаи ду-се муллои Исфара шакли умумӣ ёбад ва мавриди истифодаи бегонагону душманони миллат қарор бигирад.