баргард чоп кардан

Миср: Тазоҳурот дар Майдон-алтаҳрир

Дар аввалин соат аз баргузории тазоҳуроти «ҷумъаи бозхост» Майдон-алтаҳрири Қоҳира саршор аз тазоҳуротгарон шуда аст.


Онҳо бар зудтар анҷом гирифтани  муҳокимаи раҳбарони режими собиқи Миср, аз ҷумла Ҳуснӣ  Муборак таъкид доранд.

Тибқи хабари расонаҳо аз аввалин лаҳзаҳои тазоҳурот чандин ҳазор шаҳрванди мисрӣ дар ин майдони аслии пойтахти кишвар ҷамъ омада ба як овоз талаб доранд, ки роҳбарони режими собиқ ва пеш аз ҳама президенти барканоршудаи Миср зудтар дар додгоҳ муҳокима шаванд. Гурўҳе аз гирдиҳамомадагон дар гўшае аз майдон хостори барканории вазири корҳои дохилаи ин кишвар шудаанд.

Ҳоло дар Майдон-алтаҳрир ва атрофи он ҳеч нерўи полис ва амниятӣ мушоҳида нашудаву майдон пурра таҳти назорати тазоҳуротгарон қарор дорад.{jathumbnail off}