Масъулини Раёсати молияи вилояти Хатлон дар соли 2012-ум бе ягон азоби виҷдон 2 миллион сомонӣ ҳаққи ҳалоли ташкилоту корхонаҳои давлатии шаҳру навоҳии Кӯлобро пардохт накарданд. Ба ибораи дигар, ин раёсат ҳамин миқдор маблағи аз ҷониби буҷаи давлатӣ барои навоҳии ин минтақа ҷудогаштаро хомӯшона … хӯрд…
Дар асоси нақшаи маблағгузорӣ барои соли 2012, аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ барои ин минтақа 14,1 милллион сомонӣ ва аз ҳисоби буҷаи вилоятӣ 16,9 миллион сомонӣ ҷудо гардида буд. Дар мавриди маблағгузорӣ бошад, маблағи аз ҷониби буҷаи ҷумҳуриявӣ ҷудогашта 100 фоиз иҷро гардида, вале раёсати молияи вилоят, ба истилоҳ «боақлона» рафтор карда, расо 2 миллион сомонии навоҳии минтақаро пардохт накард.
Ба иттилои Иззатуллоҳ Давлатов, сардори Раёсати молия дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, бо ҳамин омил, қисмате аз соҳаҳо, аз ҷумла мақомоти роҳбарикунанда 253 330 сомонӣ, мудофиа 108 300 сомонӣ, ҳифзи ҳуқуқ 13 2843 сомонӣ, маориф 873 271 сомонӣ, тандурустӣ 534 282-сомонӣ маблағи пешбинишударо гирифта натавонистаанд.
Аз ин ҳисоб, ба маблағи 550 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби корҳои сохтмонӣ, 727 ҳазор сомонӣ музди меҳнат, 263 ҳазор сомонӣ фонди нафақа ва 460 ҳазор сомонӣ аз дигар моддаҳо (кадом моддаҳо, номаълум) кам карда шудааст.
Ҷаноби Давлатов мегӯяд, дар соли сипаригашта бо вуҷуди иҷро нагардидани нақшаи қисми хароҷотӣ, ба натиҷаҳои мусбат ноил гаштаанд. (Аҷиб, оё метавон аз иҷрои нақша набаромадану ба «натиҷаи мусбат» расидан? А.Д).
Вале сабаби кам иҷро гардидани қисми хароҷотии буҷети маҳаллӣ дар Раёсати молияи вилоят, ин сарив ақт ба буҷети вилоят ворид нагардидани ҳиссаҷудокуниҳои шаҳрҳои Қурғонтеппаву Сарбанд ва ноҳияи Данғара будааст. Ин дар ҳолест, ки сабабгори иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии андоз ва ғанӣ нагардидани буҷаи вилоят маҳз ҳамин се навоҳӣ будаанд, ки ба минтақаи Кӯлоб рабте надоранд.
Раёсати молия аз бақияпулиҳо бехабар астБа иқрори сардори Раёсати молия, барои таъмиру барқарорсозӣ, сохтмони бинову иншооти иҷтимоӣ ба воситаи бахши Раёсати сохтмони асосии минтақавии Кӯлоб дар соли қаблӣ 6,3 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Аммо бо сабаби иҷро нагардидани қисми даромади буҷаи вилоятӣ, 600 ҳазор сомонӣ дар ин самт маблағ ҷудо нагардид.
Дар мавриди пардохт нагаштани маблағ барои муассисаҳои коммуналӣ бошад, дар Раёсати молияи минтақавӣ гуфтанд, ки ҳанӯз ҳисобот ба анҷом нарасондаанд ва қарзу маблағҳои ба ин соҳа пардохт ногардида, номаълум боқӣ мемонад. «Ҷамъбасти солонаро мо нимаи дуюми моҳи феврал ба анҷом мерасонем. Аз ин хотир, дар бораи бақияпулиҳои соҳаи коммуналӣ ва дигар соҳаҳо дар ҳоли ҳозир маълумот надорем», мегӯяд Давлатов. Ин дар ҳолест, ки Раёсати мазкур барои Раёсати молияи вилоят аллакай ҳисобот пешниҳод кардааст. Мудирони шӯъбаҳои муассисаи мазкур низ дар ин бобат «пайрав»-и роҳбарашон монданд.
…аз қоидавайронкунӣ низ Аз ҷониби кормандони Раёсат соли гузашта дар ташкилоту муассисаҳо санҷиш гузаронида шуда, тибқи иттилои манбаъ, 437 ҳазор сомонӣ зарари расонидашуда ба буҷаи давлат баргардонида шудааст. Дар ин маврид, 15 маводи қонуншиканӣ ба прокуратура интиқол дода шуд. Аммо сардори Раёсат ва мудирони шӯъбаҳои назорати дохилӣ ва аудит гуфта наметавонанд, ки қонуншиканӣ ва қоидавайронкунӣ дар кадом ташкилотҳо рух дода будааст.
Табибон дар Кӯлоб аз Раёсати молия домангиранд Ташкилоту идораҳои вилоятии мустақар дар Кӯлоб, шикоят аз он доранд, ки Раёсати молия ҳаққи ҳалоли аз ҷониби буҷаи давлат ҷудогаштаро барояшон пардохт намекунад, ки боиси нигаронӣ гаштааст.
Мирзоалӣ Миралиев, сардори Раёсати тандурустӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, соли 2012-ум маблағгузорӣ дар соҳа ҳамагӣ 93 фоиз иҷро гардид. Барои беморхонаи рӯҳӣ 85 фоиз ва таваллудхонаи вилоятӣ ҳамагӣ 75 фисад маблағ пардохт гардидаасту бас. Гузашта аз ин, ба гуфтаи ҷаноби Миралиев, маблағҳои ҷудошуда барои доруворӣ барои беморони касалхонаҳо ҳамагӣ 83 фисад ва барои хӯрокворӣ 95 фисад анҷом ёфтааст. Дар мавриди пардохт нагаштани маблағ барои соҳаи тандурустӣ, ба хусус барои беморхонаҳо, Раёсати тандурустӣ ба Раёсати молия бо мактуби шикоятӣ арз кардааст. «Дар он ҷо ба мо гуфтанд, ки бинобар сабаби баланд шудани маош, маблағҳо дар бахшҳои соҳа кам карда шудааст», гуфт Миралиев.
Гузашта аз ин, ба иттилои манбаъ, дар як соли гузашта барои хӯроквории беморони касалхонаи вилоятӣ 20 ҳазор сомонӣ ва касалхонаи кӯдакона ҳамагӣ 15 ҳазор сомонӣ пардохт шудааст. Ба ҳисоби арифметикӣ, каме бештар аз 1 ҳазор сомонӣ дар як моҳ барои беморхонае, ки ҳади аққал 40-50 мариз дар як вақт бистарӣ мегардад, яъне 20 сомонӣ дар як моҳ, барои як мариз.
Барои касалхонаи рӯҳӣ, ки тибқи иттилоъ 42 нафар бемори бистарӣ ин ҷо табобат мегиранд, ба иқрори оқои Давлатов, сардори Раёсати молия, дар як сол 40 ҳазор сомонӣ барои хӯрока ва 10 ҳазор сомонӣ барои доруворӣ додаанд. Яъне, 80 сомонӣ барои хӯрокворӣ ва 20 сомонӣ барои доруворӣ барои як бемор тайи як моҳ. Ҳол он, ки ин тоифаи беморон ҳар чӣ зиёдтар ниёз ба доруву дармон ва хӯрокворӣ доранд.
Маблағгузорӣ нагаштани ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ дар дигар соҳаҳо барои фаъолияти онҳо чӣ мушкилӣ ба бор оварда ва чӣ пайомадҳо доштааст, ҳанӯз номаълуманд. Вале фолбин шудан лозим намеояд, агар бигӯем, ки бо ин ҷурм сардорони муассисаҳо маҷбур мешаванд чандин штати кориро беҷой мондаву нақшаи кориро дар корхона тағир диҳанд.
98 ё 89 ҳеч
гоҳ 100 набуд ва намешавад
Давлатов мегӯяд, «бо вуҷуди ҳамаи ин (пардохт нагаштани 2 миллион сомонӣ дар назар аст), мо тавонистем соҳаҳои иҷтимоиётро сари вақт бо музди меҳнат ва ҷубронпулиҳои таъиншуда пурра таъмин созем». Аммо ҳамоно хилофи гуфтаи худ меафзояд, «музди меҳнат ва иловапулиҳо 95 фоиз, хароҷот барои молу хизматрасониҳо 89 фоиз, субсидияҳо ва трансферҳои ҷорӣ 98 фоиз, маблағҳои асосии марказонидашуда 91 фоизро ташкил медиҳад».
Дар Раёсати молия фаҳмидан наметавонанд, ки «пурра таъмин намудан» маънои 100 фисадро дорад, ки мутаассуф, дар ягон самт пардохти маблағ «пурра», яъне 100% иҷро нагаштааст.
Бояд гуфт, на барои аввалин маротиба аст, ки Раёсати молияи вилоят аз маблағҳои барои навоҳии минтақаи Кӯлоб, писари ӯгайи вилоят, ҷудомешуда, «қайчӣ» зада меояд. Тақрибан, ҳамасола маблағҳои ҷудошуда барои ин навоҳӣ босабабу бесабаб ихтисор мегарданд.
Аммо аҷиб он аст, ки то ҳанӯз на Раёсати молияи минтақавӣ ва на ягон ноҳия аз ин амалиёти молияи вилоят изҳори норозигӣ накардаанд.
Андозро бояд супурд…
Дар ҳамин ҳол, навоҳии минтақа бино ба иттилои манбаъ, нақшаи ҷамъоварии андози давлатиро иҷро карда натавонистаанд. Ба ҷои 254 миллион нақшаи пешбинишуда 248 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат ворид гаштааст. Ноҳияҳои Восеву Фархор фақат дар охири сол тавонистаанд, иҷрои нақшаи солонаи андозро ба анҷом расонанд. Вале шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Ҳамадонӣ андози ҳифзи иҷтимоиро таъмин карда натавонистанд.
Аслиддин ДОСТИЕВ