баргард чоп кардан

46 ҳазору 172 тонна ангишт тайи шаш моҳи соли равон истеҳсол гардидааст

Воридоти ангишт аз хориҷи кишвар  ба Тоҷикистон то 1-уми июни соли ҷорӣ  4 ҳазору 414, 5  тоннаро ташкил медиҳад.



Ба иттилои маркази матбоутии вазорати энергетика ва саноат, нархи воридоти 1 тонна ангишт аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ба 135 доллар ва аз давлати Қирғизистон бошад ба 40 доллар баробар аст. Нархи миёнаи фурӯши ангишт дар конҳои ангишти ҷумҳурӣ  ба ҳисоби миёна, дар корхонаҳои тарзи кушод 90-140 сомонӣ ва дар корхонаҳои зеризаминӣ 170- 250 сомонӣ муқаррар гардидааст. Корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт нақшаи нимсолаи соли равонро пеш аз мӯҳлат иҷро намудаанд. Ба иттилои манбаъ, дар  давраи нимсола истихроҷи ангишт ба 46 ҳазору 172 тонна расидааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9 ҳазору 250 тонна ва ё 125 % зиёд шудааст. Содироти ангишт ба Покистон, дар ду моҳи ахир ба 64 ҳазору 29 тонна расонида шуд. Дар робита ба масъалаи содироти ангишт бо дигар ширкатҳои хориҷӣ, махсусан бо Ҷумҳурии Исломии Покистон гуфтушунидҳо идома доранд, афзуд манбаъ.{jathumbnail off}