«Парлумон пароканда ва давлат барканор шавад»
Дар шаҳрҳои гуногуни Урдун пас аз намози ҷумъа ҳазорон шаҳрванди ин кишвар тазоҳурот баргузор карда шиор медоданд: «Парлумон пароканда ва давлат барканор шавад».
Ҳамзамон бо қиёми мардум дар бархе кишварҳои Осиё ва Африқо дар Урдун низ шаҳрвандон ба вазъияти мавҷуд дар ин кишвар эътироз карданд ва ҳар ҳафта пас аз намози ҷумъа шаҳрҳои мухталифи ин кишвар шоҳиди тазоҳуроти ҳазорон урдунӣ буд.
Дар ин миён исломгароёни урдунӣ, яъне Ихвоналмуслимин ва Ҷабҳаи амали исломӣ чанд рӯз пештар шаҳрвандони ин кишварро барои баргузории тазоҳурот зидди давлат даъват карданд.
Тазоҳуротгарон дар пойтахти Урдун, ки шуморашон чандин ҳазор гузориш шудааст, дар эътироз ба бегуноҳ хонда шудани нахуствазири ин кишвар Маъруф Бахит дар парлумони ин кишвар талаб доранд, ки парлумон пароканда ва давлат барканор шавад.{jathumbnail off}