Дар Тунис тарҳи ҳукумати технократҳоро напазируфтанд
Тавре расонаи хабарии «ал-Арабия» иттилоъ додааст, Ҳамад Ҷиболӣ, нахуствазири Тунис дирӯз 18-уми феврал зимни нишасти хабарие аз таъйид нашудани тарҳи ибтикори худ аз сӯйи аҳзоби мухолифи кишвараш барои ташкили ҳукумати технократҳо хабар додааст.
Ин дар ҳолест, ки чанде қабл нахуствазири Тунис гуфта буд, дар сурати рад шудани тарҳи ӯ аз симати худ истеъфо хоҳад дод.
Номбурда бидуни эълони истеъфои худ афзудааст, ки бо Мунсиф Марзуқӣ, раисҷумҳури Тунис мулоқот намуда, дар мавриди мароҳили баъдии ташкили давлати ҷадид суҳбат хоҳад кард.
Ёдрас менамоем, Ҳамадӣ Ҷиболӣ, нахуствазири Тунис баъд аз террор шудани яке аз раҳбарони мухолифи ҳукумат, ки боиси ба миён омадани нооромиҳо ва эътирозоти зидди давлатӣ дар ин кишвар гардид, барои берун рафтан аз ин буҳрони сиёсӣ тарҳи ташкили ҳукумати ҷадиди технократҳоро пешниҳод карда буд.