баргард чоп кардан

Кашфу мусодираи 46 кило маводи мухаддир

Тавре ба Озодагон аз агентии мазкур хабар доданд, зимни ин амалиёт кормандони Агентӣ ба гумони интиқоли ғайриқонунии нашъа мошини сабукрави тамғаи “Опел-астра”-ро боздошт карданд.

Манбаъ афзуд, дар ҷараёни азназаргузаронии мошин, кормандони оперативӣ дар бордони он ду халта, ки дар он 50 брикети пресскардашуда ва 2 бастаи скочпечро ошкор намуданд. Лабораторияи ташхиси судии Агентӣ 43 кило ҳашиш ва наздик ба 4 кило афюн будани маводи мусодирашударо тайид кард.

Ҳамзамон, маълум шуд, ки маводи мухаддир ба сокини 35-солаи деҳаи Мишкорони ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод мутааллиқ буда, қаблан суд нашудааст. Исми ӯ ба хотири халалдор нашудани раванди тафтишот махфӣ нигоҳ дошта мешавад.

Айни замон аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ҳолатҳои содир намудани амали ҷиноӣ ва шиносоии шахсони дигари алоқаманд ба он мавриди тафтиш қарор мегирад. Боздоштшуда бошад, дар тафқифгоҳи муваққатии Агентӣ нигаҳдорӣ мешавад.