Вохурии вазири тандурустӣ бо сафири Фаронса
Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати тандурустӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, Нусратулло Салимов зимни сӯҳбат қайд кардааст, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти саривақтии беморони сил, аз ҷумла сили шакли мутобиқгашта ва дигар бемориҳои сироятӣ, дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо озмоишгоҳи Ассотсиатсияи Мерёи давлати Фаронса, бо дастгирии Хазинаи Глобалӣ дар ҳудуди Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология сохтмони Озмоишгоҳи минтақавии тандурустии ҷамъиятии ба номи Рудолф Мерёро бо маблағи 13 миллиону 765 ҳазору 980 сомонӣ анҷом дод. Маркази ташхисӣ бо системаи телемедитсина, ки бо муассисаҳои махсусгардонидашудаи тандурустии шаҳри Душанбе пайваст мегардад, таъсис дода шавад.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар доираи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо, ки дар он саҳми Ҷумҳурии Фаронса бузург аст, якчанд лоиҳаҳои инвеститсионӣ ҷиҳати татбиқи самараноки «Стратегияи рушди соҳа барои солҳои 2010-2020», гузаронидани таҳлили сиёсати тандурустӣ ва рушди «Системаи иттилоотии идоракунии соҳаи тандурустӣ» бомуваффақият амалӣ шуда, ба буҷаи давлат маблағҳо ҷудо карда мешаванд.