баргард чоп кардан

Бурди “Равшан” ва бохти “Регар” дар бозиҳои санҷишӣ

Ду дастаи сермухлистарини Тоҷикистон, “Равшан” ва “Регар – ТадАЗ», ки барои мусобиқаи интихобии Ҷоми AFC-2013 омодагӣ мебинанд, бозиҳои санҷишӣ гузаронданд.

Дирӯз 25-уми феврал, бозигарони дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар доираи омодагиҳо мусобиқаи интихобии Ҷоми AFC-2013 дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо футболбозони бошгоҳи “Хуҷанд” бозии санҷишӣ анҷом дода бо ҳисоби 3:0 ғолиб шуданд. Дақиқаи 38-уми сабқат Нуъмон Ҳакимов ҳамлагари дастаи “Равшан” тӯбро бо сар вориди дарвозаи ҳариф намуда ҳисобро боз кард. Абдусамад Ҳоҷибоев бозигари дигари даста дақиқаи 59-уми дидор голи дуюмро ба ҳадаф расонд. Дар дақиқаи 80-уми Индус Ҳусейнзода як голи дигар зад.

Бозии нахустини дастаи “Равшан” дар мусобиқаи интихобии Ҷоми AFC-2013 дар гурӯҳи “D” бо тими “Ал-Рамза”, 6-уми март дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», баргузор мешавад.

Қаҳрамони ҳафтдафъаинаи Тоҷикистон оид ба футбол, дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки феълан барои бозиҳои Ҷоми АFC дар шаҳри Анталияи ҷумҳурии Туркия омодагӣ мебинад, дирӯз дар бозии санҷишӣ аз бошгоҳи лигаи олии Украина, дастаи “Арсенал”-и Киев бо ҳисоби 0 : 1 шикаст хурд. Голи ягонаи сабқатро Леван Гулордава, легионер грузинягӣ, дар дақиқаи 10-уми нимаи аввали дидор ба ҳадаф расонд.

Футболбозони «Регар-ТадАЗ» дар давраҳои омодагӣ дар шаҳри Анталия 28-уми феврал бо дастаи «Балтика»-и Калининград аз дивизиони аввали Русия бозӣ мекунанд. Даста барои ширкат дар нахустин бозии мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми АFC бо тими «Сафо»-и Бейрут ба Лубнон сафар мекунад.