баргард чоп кардан

Дастури ҳукумат барои таъминоти бештари мардум бо барқ

Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, бо дастури ҳукумати Тоҷикистон, сар аз 25 –уми феврал таъминоти мардуми навоҳӣ бо барқ ба 12 соат дар як шабонарӯз расонда шудааст.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик”, рӯзи 26 –уми феврал, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, “бо назардошти шароити мусоиди истеҳсол ва интиқоли барқ дар кишвар ҳукумат дастур додааст, ки мардуми навоҳӣ дар як шабонарӯз на камтар аз 12 соат бо барқ таъмин гарданд. Акнун ба муштариён аз соати 05:00 то соати 11-и рӯз ва аз соати 17 то 23-и шаб барқ дода мешавад.”

Ин дар ҳолест, ки охирҳои моҳи феврали соли гузашта ҳам ширкати “Барқи тоҷик” маҳдудияти рӯзонаи барқро дар кишвар барҳам дода буд, вале бо фарорасии сардӣ дар арафаи баҳор кишварро буҳрони барқ фаро гирифт. Имсол ҳам обуҳавошиносон, рӯзҳои охири моҳи феврал дар Тоҷикистон сардиҳо ва боришоти барфро пешгӯӣ мекунанд. Аммо Нозирҷон Ёдгорӣ мегӯяд, сардиҳо дар арафаи баҳор, ки соли гузашта Тоҷикистонро ба буҳрони шадиди барқ мубтало кард, имсол таъминоти мардум бо нерӯро коҳиш нахоҳад дод, “зеро дар “Барқи тоҷик” мутахассисони варзида кор мекунанд ва ҳамаи ин омилҳоро ба назар гирифтаанд.”

Дар мавриди санаи лағви пурраи лимит дар Тоҷикистон Ёдгорӣ таъкид кард, ки бо назардошти носозгориҳои табиат ҳанӯз дақиқ нест. Ӯ афзуд, ки “Барқи тоҷик” ният дорад, таъминоти муштариёнро бо барқ зина ба зина зиёд намуда, лимитро нисбат ба солҳои пеш барқ барвақттар бартараф кунад.