баргард чоп кардан

Боздошти зердасти Худойбердиев дар Русия

Мақомоти қудратии Тоҷикистон мегӯянд, яке аз узвҳои фаъоли гурӯҳи ҷиноии Маҳмуд Худойбердиев, сарҳанги фирории тоҷик, бо миқдори махсусан калони маводи нашъадор дар Русия боздошт шудааст.

Тавре аз мақомоти қудратии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” хабар доданд, Рустам Ғозиеви 39 - сола, зодаи ноҳияи Ҳисор, Ҷамоати деҳоти Боғистон, ки дар Тоҷикистон ба узвият дар гурӯҳи муташаккили ҷиноии Маҳмуд Худойбердиев муттаҳам мешавад, аз ҷониби Хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Русия, дастгир шудааст.

Манбаи “Озодагон” бо такя ба иттилои расмии мақомоти Русия гуфт, шаҳрванд Рустам Ғозиев ташкилотчии асосии гурӯҳи муташаккили ҷиноии нашъаҷаллоб будааст, ки тавассути қатора аз вилояти Тошканди Узбекистон ба шаҳри Оренбурги Русия маводи нашъадор интиқол додаанд. Сарчашмаи хабар афзуд, ки ин гуруҳ, баъдан, зимни интиқоли маводи мухаддир тавассути автомашинаҳои боркаш ба шаҳри Маскав дастгир шуда, аз онҳо беш аз 187 кило героин мусодира гардидааст.

Манбаъ аз мақомоти қудратӣ илова намуд, ки Рустам Ғозиев ин бори марговарро дар турбҳое, ки ба ширкати «Восток»-и вилояти Тошканди Узбекистон тааллуқ доштааст, ҷой кардааст.

Тибқи иттилои расмӣ, шаҳрванд, Рустам Ғозиев бо моддаи 185 (ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ)-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кофтуков қарор дорад. Мақомоти қудратии тоҷик мегӯянд, то ҳозир Ғозиев дар ҳудуди Узбекистон иқомат доштааст.