Кормандони техникии радиои Тоҷикистон иди касбияшонро таҷлил мекунанд.
Бино ба гуфти директори радиои Тоҷикистон Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ҳарчанд имрӯз ҳамчун санаи кашфи радио шинохта шудааст, аммо тайи чанд соли ахир ҳайати эҷодии онҳо ин идро рӯзи 10-уми апрел ҷашн мегиранд. Зеро дар аввали солҳои сиюми асри ХХ барои аввалин бор барномаи нахустини радиоии кишвар паҳн гардидааст.
Маврид ба ёдоварист, мувофиқи иддаои Иттиҳоди Шӯравӣ 7-уми майи соли 1895 физик ва донишманди рус Александр Попов аввалин шуда радиои кашфкардаи худро дар Русия муаррифӣ намуд. Аммо ин ихтироъ баъдан зери интиқоди шадид қарор гирифта, сару садоҳое баланд шуданд, ки гӯё қабл аз олими рус Генрих Гертс радиоро кашф кардааст.