баргард чоп кардан

Бохти “Регар-ТадАЗ” аз дастаи лигаи аввали Украина

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки барои бозиҳои мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2013, дар шаҳри Анталия омодагӣ мебинад, шоми дирӯз, 28-уми феврал, аз дастаи лигаи аввали Украина - «Нефтяник Укрнефт» бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Ҳарсе гол дар нимаи аввали сабқат ба ҳадаф расонида шуд. Нимаи дуюми бозӣ бидуни гол анҷом ёфт.

“Регар-ТадАЗ” дар се бозии пешини санҷишӣ дар Туркия аз тими лигаи аввали Қазоқистон - «Оқжетпес»-и Кокшетау бо ҳисоби 1:2, аз тими дивизиони аввали Сербия - «Младеноватс» бо ҳисоби 1:3 ва аз тими «Арсенал» -и Киев, ки дар премйер-лигаи Украина бозӣ мекунад, бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буд.