Заминҷунбӣ дар Бадахшон хисорот овардааст
Ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Бадахшон мегӯянд, заминларзаи рӯзи 3 март ба хоҷагиҳои ин вилоят хисороти молӣ расондааст.
Тавре Азимҷон Шамсиддинов, муовини раиси ноҳияи Ванҷ, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” изҳор дошт, бар асари заминҷунбӣ деворҳои 40-50 хоҷагии ин ноҳия қисман зарар дидаанд. Шамсиддинов афзуд, ки ҳамчунин бинои маъмурии ҷамоати деҳоти “Ҷовидон”-и ноҳияи Ванҷ, ки дар натиҷаи заминларзаҳои пайдарпайи соли гузашта қисман зарар дида буд, рӯзи гузашта ба ҳолати садамавӣ расид. Ӯ таъкид кард, ки талафоти ҷонӣ дар пайи заминларза сабт нашудааст.
Тибқи иттилои Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон, заминҷунбӣ субҳи 3-юми март дар 250 киллометрии шарқи Душанбе, дар ҳудуди вилояти Бадахшон сабт шуда, қуввааш дар маркази заминҷунбӣ 5 бал, ноҳияи Ванҷ 4-5 бал, Хоруғ 2-3 бал ва минтақаи Ғарм 3-4 бал аз рӯи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст.