баргард чоп кардан

Аҳмадинажод Раҳмонро ба ҳамкории бештар даъват кард

Имрӯз, 5-уми март, суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Маҳмуд Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, доир гардидааст.

Тавре хабаргузории “ИРНА”-и Эрон хабар медиҳад, зимни тамоси телефонӣ Аҳмадинажод хостори ҳамкории бештари Теҳрону Душанбе шудааст. Дар айни ҳол Аҳмадинажод аз таҳкими рӯзафзуни ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон истиқбол кардааст. Ба навиштаи ИРНА ҷонибҳо қарор кардаанд, ки ҷузъиёти муносиботи ду кишварро дар доираи таҷлили Наврӯз, даҳаи сеюми моҳи март дар Душанбе баррасӣ кунанд.

Дар айни ҳол, як аз масъалаҳои ҳалталаби Теҳрону Душанбе қарздории ширкати “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” арзёбӣ мешавад, ки ҳаҷми он аз ҳадди 12 миллион доллари амрикоӣ гузаштааст.