баргард чоп кардан

Куштор дар соҳили дарёи Вахш

Як шаҳрванди  ноҳияи Хуросон вилояти Хатлон  бо ҷурми куштор ба боздошт гардид.



Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД хабар доданд,  рӯзи 3-юми июли соли равон Анвар Ҳакимови 34- сола, ки сокини деҳаи  Хумдон, ҷамоати  Қизил-Қалъаи ноҳияи  Хуросон мебошад, дар назди соҳили рӯди Вахш дар ҳолати масти бо шаҳрванд  Маҳмадризо Қурбонов ҷанҷол намуда, бо корд 2-маротиба ба пушти қафаси сина аз тарафи дили ӯ задааст. Дар  натиҷаи захми бардошта Маҳмадризо Қурбонов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Далели шайъӣ, корд гирифта шуда, тафтишоти қазия идома дорад.{jathumbnail off}