баргард чоп кардан

40 нафар дар донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат соҳиби дипломи аъло гаштанд

Дар донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ба  873 нафар донишҷӯён пас аз супоридани имтиҳонҳои давлатӣ роҳхат барои кор дода шуд.



Тавре ба «Озодагон» аз ин таълимгоҳи олӣ иттилоъ доданд, аз ин шумул 827 нафарашон соҳиби дипломи маълумоти олӣ гардиданд. Аз миқдори умумии хатмкунандагон 40 нафарашон соҳиби дипломи аъло шуда, 62 нафарашон хатмкунандагони ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон ва бизнеси байналмилалӣ мебошанд, ки бори аввал дар донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат аз рӯи низоми кредитии таҳсил институтро хатм намуда, дараҷаи бакалавриро соҳиб гаштанд.  {jathumbnail off}