Сарпарастон ба таъмиру тармими парваришгоҳҳо шурӯъ карданд
Таъмиру тармим дар муассисаҳо ва хона-парваришгоҳҳои тобеъи вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон идома дорад.
Зимнан, аз ин вазорат ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ки бо ин мақсад дар иншоотҳо корҳои таъмирӣ босуръат ҷараён доранд. Баҳри боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба бошандагон бо иқдоми Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ шӯрои сарпарастон таъсис ёфта, ба ҳар як хона - интернат вобаста карда шуданд. Ҳоло аз ҳисоби онҳо дар хона-интернати шаҳри Турсунзода таъмири як қисмати бино, дар хона-интернати ноҳияи Ҳисор гузаронидани хати алоҳидаи оби нӯшокӣ идома дошта, коркарди чортоқи бинои хона-интернати ноҳияи Восеъ бо маҳлули кимиёвии зиддисӯхторӣ давом доранд.
Манбаъ афзуд, дар ин давра нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла иди Наврӯз, рӯзи Ғалаба, иди Ваҳдати миллӣ таҳия гардида, тибқи он ҷашни иди Ваҳдати миллӣ дар муассисаҳои давлатии хона-интернатҳо ва марказҳои будудбоши рӯзона дар доираи риояи қонунҳои марбута сурат пазируфтанд.{jathumbnail off}