Дар Душанбе чемпионати гуштии юнонӣ-румӣ баргузор мешавад
Рӯзҳои 22-юм ва 23-юми марти соли равон дар шаҳри Душанбе, Чемпионати Тоҷикистон оид ба гуштии юнонӣ-румӣ баргузор мегардад.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, бо мақсади эҳё ва гиромидошти суннатҳои милливу аҷдодӣ ва таҷлили иди Наврӯз 25-уми март низ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи калони ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштии миллӣ доир мегардад.
Манбаъ афзуд ҳамзамон рӯзҳои 27-28-уми март дар шаҳри Душанбе боз як мусобиқаи ҷумҳуривӣ оид ба гуштии тарзи озод баргузор хоҳад шуд.