баргард чоп кардан

Президент масоили ҷомеъа ва мусулмононро ба баррасӣ гирифт

Президенти Русия Дмитрий Медведев ба созмонҳои мусулмонӣ пешниҳод кардааст, то дар кори бозгардонидани  мардуми ғайримусулмон ба минтақаи Қафқоз кӯмак намоянд.



Ин дархости президент дар ҳоле сурат гирифтааст, ки дар пойтахти ҷумҳурии Қабардину Балқар - Налчик вохӯрии Медведев бо муфтиёни Русия доир мегашт.
Тавре маркази матбуоти президенти Русия хабар медиҳад, дар ин сӯҳбати президент аз ҷумла намояндагони маркази ҳамоҳангсозии мусулмонони Қафқози шимолӣ, раёсати марказии мусулмонони Русия, шӯрои муфтиёти Русия, Ассотсиатсияи иттиҳоди исломии Русия, Раёсати динии ҷумҳурии Тотористон ширкат доштаанд. Дмитрий Медвелдев гуфтааст, дар ин росто аз сӯи созмонҳои мусулмонӣ корҳои зиёди созандае анҷом мешавад ва давлат низ ба хотири рушди ҳарчӣ бештари ин раванд мекӯшад дастгириҳои молиро бештар намояд. Зеро ин кор хеле амали ҷиддӣ ва гуногунпаҳлӯ мебошад.
Ҳамчунин, раҳбарони созмонҳои мусулмонии Русия дар кори бозгардонидан ва мутобиқати мардуми ғайримусулмон ба минтақаи Қафқоз изҳори омодагӣ ва расонидани кӯмакро намудаанд.Дар ин нишаст масоили дигари вобаста ба вазъи муносиботи миёни ҷомеа ва мусулмонон, мушкилоти сиёсиву мазҳабӣ низ баррасӣ гардидааст. {jathumbnail off}