Пирӯзии навбатии «Равшан»-и Кӯлоб ва ҳам ғалабаи калони «Истиқлол»
Даври 21-уми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олии футболи мамлакат ба анҷом расид.
Тавре Нуралӣ Хоркашев, ёвари президенти федератсияи футбол ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар ин марҳила дастаи «Энергетик» дар майдони худ аз тими «Истиқлол» бо ҳисоби калони 2 бар 6 шикаст хӯрд, клуби «Регар ТадАз» дар майдони худ дастаи «Шодмон»-и Ҳисорро қабул намуда бо ҳисоби 3 бар 1 ғолиб омад. Ӯ афзуд, бозӣ байни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Хайр», ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд доир гардид, бо ҳисоби 2 бар 1 ба нафъи соҳибони майдон анҷом ёфт, дастаи «Равшан» бошад, дар сафар бо дастаи «Гвардия»-и Душанбе дар варзишгоҳи «Политехникум» вохӯрда бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо гардид.
Бино ба қавли манбаъ, феълан дар ҷадвали чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, тими «Истиқлол»-и Душанбе бо 40 имтиёз дар зиннаи аввал, «Равшан»-и Кӯлоб бо 38 имтиёз дар ҷойи дуюм ва ва клуби «Регар ТадАз»-и Турсунзода бо 36 имтиёз дар мақоми сеюм қарор доранд.
Маврид ба ёдоварист, даври 22-юми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 8 ва 9-уми июл баргузор хоҳад шуд. Дар ин сабқат рӯзи 8-уми июл дастаи «Истиқлол» дар майдони худ «Шодмон»-и Ҳисорро қабул менамояд, рӯзи 9-уми июл, «Парвоз» бо «Хуҷанд» сабқат менамояд, тими «Энергетик» бо «Регар ТадАз» во- мехӯрад, дастаи «ССКА ПОМИР»-и Душанбе бо «Хайр» қувааозмоӣ менамояд. «Вахш»-и Қурғонтеппа бошад, дар майдони худ бо яке аз пешсафони тақвими чемпионат дастаи «Равшан»-и Кӯлоб рақобат хоҳанд кард.{jathumbnail off}