баргард чоп кардан

Суқути тайёраи мусофиркаш дар соати 23-и шаб

Дар минтақаи аҳолинишини Сияҳгарди Афғонистон як самолёт  суқут кардааст.



Бино ба маълумоти хабаргузориҳо тайёраи мусофирбар моли ширкати ҳавопаймоии Озорбойҷон «АЗАЛ» будааст.  Намояндаи ин ширкат ба расонаҳои электронӣ  ин хабарро таъйид карда гуфтааст, тайёраи мусофирбар тахминан соатҳои 23-и ҳамин шаб (бо вақти Душанбе) дар минтақаи шимоли Кобул дар вулусволии Парвон ба садама дучор шудааст. Феълан, маҳалли тайёраи суқуткарда дақиқ нашуда, аз тақдири сарнишин ва ҳайати мусофиронаш чизе гуфта намешавад. Намояндагони ширкатаи «АЗАЛ» гуфтаанд, барои пайдо намудани маҳалли суқути тайёра ва маълумот дар бораи вазъи ҳайати сарнишинону мусофирони тайёра пулис ва низомиёни афғон сафарбар шудаанд.{jathumbnail off}