Ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ муваққатан масдуд мегардад
Ҳаракати васоити нақлиёт дар хиёбони Рӯдакии пойтахт (аз буриши кӯчаи Карамов то буриши кӯчаи Теҳрон) марҳила ба марҳила, муваққатан қатъ карда мешавад.
Бино ба иттилоъи Шавкат Сайидов, сухангӯи райиси шаҳр, бо сабаби ба талаботҳои меъёру қоидаҳои сохтмонӣ (СНиП 3.06.03-85) ҷиҳати ҳамворӣ ҷавобгӯ набудани қитъаи таъмиршудаи хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кўчаи Карамов то буриши кўчаи Теҳрон) ва бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар қитъаи роҳи мазкур бо назардошти гузаронидани корҳои таъмири роҳ ин тасмим аз сар гирифта мешавад. Зимнан, рӯзи 7 то 9 июл ҳаракати нақлиёт аз буриши кӯчаи Карамов то гардиш ба кӯчаи С.Носир, аз 9 то 11 июл аз гардиши кӯчаи С.Носир то гардиш ба самти хиёбони И.Сомонӣ ва аз 11 то 13 июл аз гардиши хиёбони И.Сомонӣ то буриши кӯчаи Теҳрон қатъ мегардад.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси шаҳри Душанбе дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ бо сабаби гузаронидани корҳои таъмири роҳ қарори марбутаро ба тасвиб расонид.Дар асоси ин қарор масъулину роҳбарони муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», шӯъбаи БДА, раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе муваззаф шудаанд, ки самти ҳаракати нақлиёти мусофирбарро дар хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи Карамов то буриши кӯчаи Теҳрон) ба кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти мусофирбар тағйирот ворид намоянд. Инчунин РКД шаҳри Душанбе вазифадор шудааст, ки барои таъмини ҳаракати бехатарии нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат бо назардошти гузоштани аломатҳои роҳ ва таъмини ҳаракати шаҳрвандон чора бинанд.{jathumbnail off}