Театрҳои касбии Тоҷикистон вориди сабқат мешаванд
Сар аз 5-уми апрел, дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ бо номи "Парасту -2013" дар театри А. Лоҳутӣ оғоз мегардад.
Тавре аз Вазорати фарҳанг ба хабаргузории "Озодагон" хабар доданд, дар ин ҷашнвора 16 театри касбии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ширкат мекунанд. Манбаъ афзуд, ки ҷашнвораи ҳунарӣ, ки дар ду сол як бор баргузор мегардад, то 17-уми апрел давом мекунад.
Дар ҷашнвора намоишномаҳое пешниҳод мегарданд, ки аз ҷониби драманависони тоҷик дар солҳои истиқлолият офарида шудаанд. Барои барандагони ҷашнвора Шоҳҷоиза ва барои беҳтарин кори таҳия, беҳтарин нақш, ороиши мусиқӣ, ороиши саҳна ҷоизаҳои молӣ пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба сабаби душвориҳои молӣ, ҷашнвораҳои "Парасту" ва “Наврӯз”-ро соли 2007 қатъ карда буд. Ду бора вазорати фарҳанг ҷашнвораи “Парасту”-ро соли 2011 роҳандозӣ кард.