Номаи дастгоҳ, “камбудӣ”-и Девонаев ва муҷозоти Абдулло Қодирӣ
Дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз масъулони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон тақозо кардааст, ки қонун дар бораи матбуотро риоя намоянд. Ин нукта дар посухи масъулони Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ба нашрияи “Имрӯз Нюс” таъкид шудааст.
Ин тақозо дар ҳоле сурат мегирад, ки дар авохири моҳи январ масъулони Хадамоти муҳоҷират монеи иштироки бархе аз хабарнигорон дар нишасти матбуотии Сафиалло Девонаев шуда буданд. Бар асоси номаи Дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, зимни як машварат Сафиалло Девонаев амали масъулини Хадамоти муҳоҷират нисбат ба хабарнигорони нашрияи “Имрӯз Нюс” ва хабаргузории “Озодагон”-у ҳафтаномаи “Наҷот”-ро камбудӣ унвон кардааст.
«Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷират вазифадор карда шуд, ки минбаъд ба чунин муносибат роҳ надиҳад ва ҳамкориро бо тамоми воситаҳои ахбори омма, тибқи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монад»,-омадааст дар номаи Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон.
Рӯзи 31-уми январи соли ҷорӣ Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабарнигоронро ба нишасти матбуотиаш тибқи рӯйхат роҳ дода, журналистони рӯзномаи “Имрӯз Нюс”, ҳафтаномаҳои ”Озодагон”, ”Фараж” ва нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон - “Наҷот” ба ин нишаст роҳ наёфтанд. Сабаби ба "рӯйхати сиёҳ" афтодани ин хабарнигорон, бино ба гуфтаи намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, матолиби интиқодии нашрияҳои мавриди зикр будааст.
Дар ҳамин ҳол, Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон тайи як нома ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, Абдулло Қодирӣ, сухангӯи ин ниҳодро барои роҳ надодани хабарнигорон ба нишасти матбуотӣ муҷозот кардааст. Хадамот аз ҷаноби Қодирӣ хостааст, ки минбаъд ба чунин қонунвайронкунӣ роҳ надиҳад.