Норозигии дипломатҳо аз ҳаҷми маош
Дипломатҳои Қирғизистон аз паст будани музди меҳнаташон ибрози норозигӣ намудаанд.
Тавре расонаҳои қирғизӣ иттилоъ медиҳанд, Сактан Қодиралиев, корманди Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон, рӯзи 2-юми апрел, зимни нишасти хабарие гуфтааст, музди меҳнати дипломатҳои қирғиз поинтар аз маоши миёна дар ин кишвар мебошад.
Ба гуфтаи Қодиралиев, маоши раҳбари департаменти Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон баробар бо музди меҳнати як муттахассиси Вазорати ҳамлу нақли ин кишвар мебошад. «Дипломат вақте дар сафари хидматӣ дар хориҷа қарор дорад, аз тарафи давлат ба ӯ маблағ ҷудо карда мешавад, вале барои оилааш, ки дар дохил мебошад, чизе пешбинӣ нашудааст. Аз ин рӯ, мо чанд пешниҳоде барои ворид намудани тағйирот ба қонун дар бораи хидмати дипломатӣ ироа намудем.»- афзудааст дипломати қирғиз.