баргард чоп кардан

Номаи созмонҳо ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи кӯдакони гумшуда

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва кӯдак дар Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури ин кишвар, хостаанд, ба қазияи гум шудани ду духтари хурдсол -- Малика ва Сабина Араловаҳо таваҷӯҳ кунад.

Онҳо дар номаи худ аз раисиҷумҳур даъват кардаанд, “ин вазъиятро зери назорати худ гирифта”, инчунин ба масъулон дастур диҳад, то дар воситаҳои ахбори омма оид ба чунин ҳодисаҳо маълумоти дақиқ пешниҳод намоянд.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи масъулони ин созмонҳо, “айни ҳол дар миёни сокинон овозаҳои гуногун оид ба дуздидани ноболиғон ва куштани онҳо барои истифодаи узвҳои дарунӣ паҳн гашта”, аммо маълумоти дақиқе дар ин замина пешниҳод намешавад. Ин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва кӯдак аз он изҳори ташвиш кардаанд, ки “ҳодисаҳои бе ному нишон гум шудани ноболиғон дар Тоҷикистон меафзоянд ва танҳо дар моҳи марти соли ҷорӣ шумораи чунин ҳодисаҳо ба даҳҳо адад расидааст.”

Онҳо бо такя ба иттилои Вазорати умури дохилӣ гуфтаанд, “дар нимаи дуюми моҳи марти соли 2013 беш аз 10 муроҷиати волидайни ноболиғон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд, аз ҷумла Неъматова Мӯниса, аз ҷамоати Айнӣ; Аладдинова Муқаддас – соли таваллуд 1998 аз ҷомати Д.Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров; Тумарова Сайёра – соли таваллуд 1996 аз деҳоти Кушкияи ноҳияи Темурмалик; Иброҳимова Зулфия – соли таваллуд 1996 аз ноҳияи Фирдавсӣ; Сайдалиева Руқия – соли таваллуд 1995 аз ноҳияи Сино; Гадоева Малоҳат – соли таваллуд 1998 аз ноҳияи Фирдавсӣ; Маҳмадова Миҷгона – соли таваллуд 1999 аз ноҳияи Сино ва ғайра.” Ба таъкиди онҳо, аммо дар сомонаи расмии Вазорати умури дохилӣ шумораи ноболиғоне, ки ҷустуҷӯи онҳо мусбат анҷом ёфтааст, нишон дода нашудааст.

Дар ин номаи созмонҳо аз навиштаи як муҳассили мактаби таҳсилоти умумии №20-и пойтахт, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ёдоварӣ шудааст, ки мегӯяд, шоми рӯзи 2-юми апрел дар маркази шаҳри Душанбе афроди номаълум кӯшиши дуздидани писарчаи хурдсолро кардаанд.

Малика ва Сабина Араловаҳо, ки яке панҷ ва дигаре шаш сол доранд, рӯзи 25-уми март, тақрибан соати 16-00, аз кӯчаи Айнӣ бедарак шудаанд. Тимур Аралов, падари Малика Аралова, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, ки кӯдаконаш чун ҳарвақта барои бозӣ баромада бедарак шудаанд: “Ҳоло мо гуфта наметавонем, ки онҳоро дуздидаанд ё худ ба ҷое рафта роҳгум задаанд. Мо тамоми хонаҳои хешутаборро пурсуҷӯ кардем, ҳамсояҳо ҳам суроғ мекунанд, тамоми таҳхонаҳои биноҳои истиқоматии наздик ба маҳали зистамонро кофту коб кардем, мақомот ҳам дар ҷустуҷӯ аст, вале мутаассифона ҳоло онҳоро пайдо накардаем.”