баргард чоп кардан

Тағйири номи кӯчаҳо дар Бишкек манъ шуд

Дар Бишкек ба муддати 5 сол иваз намудани номи кӯчаву хиёбонҳои ин шаҳр манъ карда шуд.

Қарори дахлдорро дар ин бора Шӯрои ҳукумати шаҳри Бишкек, 3-юми апрел қабул намудааст.

Алмаз Кененбаев, намояндаи ҳукумати Бишкек дар суҳбат бо хабаргузориҳои қирғиз гуфтааст, “ин тасмим ба хотири нигаҳ доштани арзишҳои фарҳангию таърихии пойтахт қабул шуда, он ба кӯчаҳое, ки бе ном мебошанд, дахл нахоҳад дошт. Вақтҳои охир иваз намудани номи кӯчаву хиёбонҳо дар Бишкек одат шудааст. Дар ҳоле, ки шаҳрвандон бо номҳои кунунии кӯчаҳо одат кардаанд ва ин номҳо бо гузашти солҳои зиёд арзиши таърихӣ пайдо кардаанд.»