Каримов: Норозигӣ аз бетаваҷҷуҳӣ ба мушкил ҷавонон аст
Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, яке аз омилҳои калидии сар задани норизоиятӣ ва тазоҳуроти умумӣ дар кишварҳои арабиро “бетаваҷҷуҳии сарони ин давлатҳо ба рафъи мушкилоти ҷавонон” арзёбӣ намуда, ба масъулони узбак дар ин маврид ҳушдор додааст.
Тавре расонаҳои узбакӣ менависанд, Ислом Каримов рӯзи 4-уми апрел зимни нишасти Шӯрои намояндагони Тошканд гуфтааст, дар кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Тунис, Яман, Либия ва Миср ҷавонон ба хотири ҳаллу фасл нашудани мушкилоти худ, норозигияшонро дар қолаби тазоҳурот ва даргириҳо нишон доданд. Каримов ба раҳбарон ва кормандони дастгоҳҳои иҷроияи Узбакистон таъкид кардааст, ки “вазифаи ҳар яке аз мо дар навбати аввал ин аст, тамоми мушкилоти ҷавононро бартараф намуда, барои рушди истеъдод ва қобилияти онҳо имконот фароҳам созем.”
Номбурда таъкид намудааст, ки фаъолиятҳои раҳбарони шаҳру вилоятҳо бояд барои рафъи камбуди ҷойҳои корӣ талош варзанд. Раисиҷумҳури Узбакистон изҳор намудаааст, “имрӯз ҷавонон огоҳ шудаанд ва бо таваҷҷуҳ ба пешрафти фанновариҳои иртиботӣ ба роҳатӣ аз ҷараёни пешрафтҳои соири миллатҳо огоҳ мегарданд.”
Ӯ афзудааст, “дигар намешавад, барои истифода накардани Интернет девори оҳанин сохт ва ё онро мамнуъ эълон кард.”