Бозии мусовии дастаҳои Тоҷикистону Непал (Видео)
Дирӯз, 4-уми апрел, мунтахаби наврасони Тоҷикистон бозии дуюми худро дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё, дар гурӯҳи “С”, бо дастаи Непал бо ҳисоби баробари 1:1 анҷом дод. Ҳардуи гол дар нимаи аввалӣ дидор ба ҳадаф расонда шуд.
Хуршед Абдуллоев, бозигари мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқаи 15-уми дидор тӯбро ба дарвозаи ҳариф ворид кард. Радж Кшитиз, бозигари дастаи мизбон бошад, дар дақиқаи 24-ум тӯбро вориди дарвозаи меҳмонон намуда, ҳисобро баробар кард.
Бозиҳои мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Катманду-пойтахти Непал ҷараён дорад. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар ин мусобиқа таҳти раҳбарии сармураббӣ, Раҷаб Расулов, ҳунарнамоӣ мекунанд. Футболбозони навраси тоҷик рӯзи 2-юми апрел нахустин бозияшонро бо мунтахаби наврасони Бутан бо ҳисоби бузурги 15:0 анҷом дода буданд.
Ёдовар мешавем, дар гурӯҳи “С” дастаҳои мунтахаби Афғонистон, Бутан, Непал ва Тоҷикистон миёни ҳам рақобат карданд. Бозии дуюми ин гурӯҳ дар даври дуюм миёни мунтахаби наврасони Афғонистон-Бутан баргузор гардида бо ҳисоби калони 14:0 ба фоидаи Футболбозони навраси Афғонистон анҷом ёфт.
Мунтахаби Афғонистон, ки ду бозиро бо пирӯзи анҷом додааст феъланд дар гурӯҳи “С” бо 6 имтиёзи пешсаф аст. Мунтахаби Тоҷикистон, ки як бозиро бо пирӯзӣ ва як бозии дигарро мусовӣ анҷом додааст бо 4 имтиёз дар ҷойи дуюм аст. Дастаи Непал бо 1 имтиёз дар ҷои сеюм ва дастаи Бутан бидуни имтиёз дар зинаи охирон карор дорад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 6-уми апрел бо мунтахаби Афғонистон ба сабқат мебарояд.